Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Маҷмаъи куллии Созмони Милали Муттаҳид номзадии Элен Кларк аз Зеландияи Навро ба ҳайси маъмури нави Барномаи рушди СММ барои 4 сол маъқул шуморид. Дар ин вазифа ӯ Камол Дарвишро аз Туркия иваз хоҳад кард.

            Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Барномаи рушди СММ дар Душанбе, Элен Кларк аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба фаъолият дар ин вазифа шурӯъ хоҳад кард.

            Гуфта мешавад, Э.Кларк аз соли 1981 узви парлумони кишвараш буда, аз соли 1999 то соли 2008 ба ҳайси нахуствазири Зеландияи Нав ифои вазифа намудааст.

            Э.Кларк изҳор доштааст, роҳбарии Барномаи рушди СММ дар давраи бӯҳрон вазифаи пурмасъулест ва ӯ муваззаф аст, минбаъд дар сатҳи байнулмилалӣ бо фақру беадолатӣ дар саросари ҷаҳон мубориза барад.

            Э.Кларк соли 1950 дар Зеландия Нав ба дунё омада, ҳамсараш профессор Питер Дэвис аст. Хонум Кларк соли 1971 Донишгоҳи Auckland-ро аз рӯи ихтисоси сиёсат ва таърих хатм намудааст.