Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ коҳиши истеҳсолоти саноатии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсадро ташкил додааст. Дар ин бора Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.

            Тибқи маълумоти манбаъ, сатҳи коҳиши баландтарини истеҳсолоти саноатӣ мёни кишварҳои узви ИДМ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар Украина ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 32,8 дарсад баробар аст.

            Дар кишварҳои дигар узви ИДМ ин нишондиҳанда чунин аст: Молдова – 26,3; Қирғизистон – 25,1; Русия- 14,6; Арманистон – 9,7; Қазоқистон – 3,2; Озарбойҷон – 2,6 ва Белорус – 2,3 дарсад.

            Дар бораи нишондиҳандаи мазкур оид ба Ӯзбекистону Туркманистон маълумот мавҷуд нест.