Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз вазири корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон Ҳамрохон Зариф ӣ ҳайати намояндагони Парлумони Аврупоро бо роҳбарии раиси ҳайати кумитаҳои ҳамкории парламентии Иттиҳоди Аврупо-Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо-Қирғизистон, Иттиҳоди Аврупо- Ӯ збекистон ва оид ба муносибатҳо бо То ҷ икистон, Туркманистон ва Муғулистон Она Юкневичене ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои минтақав ӣ , татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осийи Марказ ӣ , эҳёи иқтисодии Афғонистон, рафъи паёмадҳои б ӯ ҳрони ҷ аҳонии молияв ӣ ва ғайра муҳокима шуданд.

Мақсади аслии сафари Ҳайати Парламенти Аврупо ба Ҷ умҳурии То ҷ икистон иштирок дар Мулоқоти чоруми байнипарламентии Иттиҳоди Аврупо – Ҷ умҳурии То ҷ икистон мебошад, ки 7 апрели 2009 дар Душанбе баргузор гардид. Дар чаҳорч ӯ би сафари мазкур инчунин мулоқотҳои ҳайати Парламенти Аврупо бо Президенти муҳтарами Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон, Раиси Ма ҷ лиси милл ӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Ма ҷ лиси Намояндагон Сайдулло Хайруллоев баргузор гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.