Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар семоҳаи аввали соли ҷ ор ӣ дар То ҷ икистон 36 хо ҷ агии моҳипарвар ӣ ташкил карда шуд.

            Чӣ тавре ки сардори раёсати паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ ва занбӯрисалпарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Музаффар Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта дар кишвар 8 ҷамъияти саҳомӣ оид ба истеҳсоли моҳӣ фаъолият мекард, вале хоҷагиҳои фермерӣ мавҷуд набуданд. «То соли 2008 ба соҳаи моҳипарварӣ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намегардид, вале пас аз қабули барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, айни замон ин соҳа дар ҳоли рушд қарор дошта, таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд», - изҳор дошт ӯ.

            Ба гуфтаи М.Мирзоев, дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 81,1 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст. «Соли ҷорӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд», - афзуд М.Мирзоев.