Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Аз ҷониби Шӯрои мудирони Хазинаи байнулмилалии асъор Барномаи сесолаи қарзӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 116 млн. $ тасдиқ карда шуд. Беш аз 38 млн. $ аз ин маблағро Тоҷикистон метавонад феълан дастрас созад. Дар ин бора дар иттилоияи интишоргардидаи ХБА хабар дода мешавад.

            Тибқи маъулмоти ХБА, аз рӯи шартҳои барнома, ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯҳдадор шуданд, ки ба баргузории сиёсати мавзуну устувор рӯ оварда, баҳри таъмини талаботи рӯзафзуни эҳтиёҷоти иҷтимоӣ захираҳо пешбинӣ мекунанд ва ҷиҳати боздошти афзоиши қарзи хориҷӣ чораҳо андешида, дар бахши идоракунии сохтори Бонки миллӣ, корхонаҳои давлатӣ ва соҳаи кишоварзӣ ислоҳот ҷорӣ месозанд.

            Ёдрас мекунем, ки ҳадаф аз амалисозии барномаи мазкур муваффақ гардидан ба коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва ташкили заминаҳо барои рушди устувор буда, вале дар шароити бӯҳрони молӣ он ҳамчунин хусусияти мӯътадилгардонии вазъро низ дошта метавонад.