Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - «Феълан мизони об дар обанбори Норак ба 858,22 метр баробар буда, ҳаҷми умумии захираи об 6 млрд. 47,8 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад», - изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ Саиди Ёқубзод.

Ба гуфтаи ӯ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2 метру 8 см ё худ 142 млн. метри мукааби об зиёдтар аст. «Айни замон ҳаҷми воридшавии об ба обанбор 500-520 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ҳаҷми ҷоришавии он аз обанбор ба 540 метри мукааб дар як сония баробар аст», - афзуд вазир.