Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар нишасти хабарӣ сардори раёсати илм, маълумоти тиббӣ ва дорусозии Вазорати тандурустии ҶТ Саломиддин Исупов изҳор дошт, ки соли ҷорӣ фоизи ба ҷойҳои кории муайяншуда ҳозир гардидани хатмкунандагони муассисаҳои таълмии тиббӣ афзуда, он ба 52 дарсад расидааст ва ин дар ҳолест, ки тайи се соли ахир ин нишондиҳанда ба 37 дарсад баробар буд.

               Ба гуфтаи С.Исупов, то имрӯз беш аз 1,5 ҳазор табиби оилавӣ тайёр карда шудааст, вале талабот ба он қариб 5 ҳазор нафар аст. «Ҳарчанд ҳамасола дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳудуди 700 нафар табибон тайёр карда шаванд ҳам, феълан дар 25 ноҳияи ҷумҳурӣ ба кормандони тиб, аз ҷумла фтизиатрон, саратоншиносон, пизишкони муолиҷаи бемории нашъамандӣ ва эндокринологҳо ниёз доранд», - гуфт ӯ.

               Дар ҳамин ҳол, номбурда афзуд, моҳҳои надик афзоиши музди меҳнати кормандони тиб ба андозаи 30 дарсад ба нақша гирифта шудааст.