Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки таъмири асосии яке аз агрегатҳои нерӯгоҳи Норак   то 20-уми майи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан агрегатҳо дар яке аз корхонаҳои шаҳри Харкови Украина аз таъмир бароварда мешуданд ва табиист, ки маблағу вақти зиёдеро талаб мекарданд. «Феълан таъмири агрегатҳо дар дохили кишвар - корхонаи «Текстилмаш» ба анҷом расонида шуда, сифати он аз таъмири корхонаҳои хориҷӣ монданӣ надорад», - гуфт ӯ.

Муовини вазир таъкид сохт, ки агар то таъмир иқтидори истеҳсолии як агрегат 288 мВт-ро ташкил диҳад, пас аз таъмир иқтидори он то 335 МВт баробар мешавад. «Ҳама ба он одат кардаанд, ки иқтидори нерӯгоҳи Норак беш аз 300 Мвт аст, вале дар асл бар асари фарсудашавии қисмҳои агрегатҳо иқтидори он аз 2,6 ҳазор Мвт зиёдтар нест», - афзуд П.Муҳиддинов.