Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумити андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор дошт, ки дар семоҳаи аввали соли равон иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ба андозаи 98 дарсад ба иҷро расид. «Бар асари бӯҳрони молӣ имконоти мо хеле коста гардид», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Н.Давлатов, ҳаҷми супоридани андоз бахусус аз ҷониби андозсупорандагони бузурги ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст. «КВД «Талко» дар семоҳаи аввал мебоист дар ҳаҷми 34 млн. сомонӣ андоз супорад, вале дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молӣ ҳамагӣ 19 млн. сомонӣ маблағ супурд», - гуфт ӯ.

Н.Давлатов афзуд, ширкати «Барқи тоҷик» низ ба ҷойи 31 млн. сомонии пешбинишуда ҳамагӣ 6 млн. сомонӣ андоз супорида, то имрӯз дар назди кумита 21 млн. сомонӣ қарздор аст.