Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - «Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Роғун ба азхудкунии 300 га заминҳои бекорхобида дар Тоҷикистон ва беҳбуди ҳолати мелиоративии заминҳои Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард», - изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ Саиди Ёқубзод.

Номбурда иддаъои мақомоти раҳбарии кишварҳои ҳамсояро ҷиҳати зараровар будани сохтмони нерӯгоҳи Роғун барои обёрӣ бепоя хонда гуфт, онҳо ба хубӣ огаҳанд, ки обанбори нерӯгоҳи Роғун муддати 13 сол пур хоҳад шуд ва миқдори об барои пур кардани он начандон зиёд буда, ҳамагӣ 10 дарсад аз ҳаҷми талабот ба обёриро дар мавсим ташкил хоҳад дод. «Агар зарур ояд, ин миқдорро Тоҷикистон чун соли гузашта аз ҳисоби захираи оби обанборҳои мавҷуда ҷуброн хоҳад кард», - гуфт ӯ.

Дар мавриди ҳолати низоми обёрии мавҷуда дар Тоҷикистону Ӯзбекистон С.Ёқубзод изҳор дошт, ки онҳо ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд гардида, аллакай кӯҳнаву фарсуда шуданд. «Тибқи ташхиси доирсохта аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар низоми обёрии Ӯзбекистон, ошкор шудааст, ки маҳз ба иллати кӯҳнаву фарсудагӣ 40 дарсади об дар он талаф меёбад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки релефи кишвари мо имкон медиҳад, ки оби барои обёрӣ истифодашуда боз ба Амударё ҷорӣ гардад.