Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ба санаи 10-уми апрели соли 2009 сармояи ҶСК «Агроинвестбонк» афзуда, 217 млн. сомониро (56,5 млн. $) ташкил дод.

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бо афзоиши сармоя бонк имкон дорад, воситаҳои депозитиро ҷалб намуда, бо маблағи баробар ба 1,3 млрд сомонӣ амалиёти фаъолона баргузор созад.

Бино ба иттилои манбаъ, маблағи умумии қарзҳои дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷудокардаи бонк каме зиёдтар аз 120 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 58,8 фоиз камтар мебошад.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти бонк, феълан ҶСК «Агроинвестбонк» дорои 61 филиал, 29 шӯъбаи алоҳидаи амалиётӣ, 53 нуқтаи додугирифт ва интиқоли маблағ, 100 нуқтаи мубодилаи асъор, 51 банкомат ва 59 нуқтаи пешниҳоди пули нақд ( POS -терминалҳо) аст.