Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром Зарубежнефтегаз дар майдони ояндадори нафту гази Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ба баргузории корҳои миқёсан бузурги сафарбарсозӣ шурӯъ кард.

Роҳбари намояндагии ҷамъият дар Тоҷикистон Сергей Туманов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки мутахассисони корхонаи пудратчӣ - ҶСК «Саратовнефтегеофизика» аз қитъаи Сариқмиш боздид намуда, роҳу воситаҳои ворид сохтани техника ва макони бунёди қароргоҳро (лагер) омӯхтанд. «Барои баргузории корҳои сейсмикӣ ворид сохтани 35-40 платформа бо таҷҳизот зарур аст ва аллакай 20 палатформа баъди як-ду рӯзи дигар вориди Тоҷикистон шуда, боқимонда то 10-уми май оварда мешаванд», - гуфт ӯ.

Ба қавли С.Туманов, то ахири моҳи май корҳои ворид сохтани таҷҳизот, бунёди макони зисти коршиносон пурра ба анҷом расида, топографҳо ва зилзилашиносон ба омӯзиши майдон шурӯъ хоҳанд кард. «Мо аз баргузории корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ дар майдони ояндадори нафту гази Сариқамиш умеди калон дорем», - афзуд ӯ.