Душанбе. 27-уми апрел - Мақомоти беҳдошт ӣ бонги изтироб мезананд - ба мардуми сайёра хатари нав таҳдид мекунад , хатари гирифтор ӣ ба вируси нави маризии зукоми хук ”.

Масъулини бахши ҳифзи сиҳат дар кишварҳои гуногун роҳҳои ҷ илавгир ӣ аз паҳншавии ин вирусро ме ҷ ӯ янд , ки бар асари он дар Мексика аллакай 81 нафар аз олам даргузаштаанд .

Тақрибан яку ним ҳазор нафар сокини дигари ин кишвар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор доранд. Баъди аз с ӯ и табибони мексико ӣ таъийд шудани 20 далели аз як фард ба фарди дигар гузаштани “зукоми хук”, Созмони ҷ аҳонии беҳдошт аз хатари пандемияи нав ҳушдор дод. Ба иттилоъи ин созмон, вируси ғайримуқаррарии ЕйЕйчАйЭнАй аз вирусҳои мурғ, хук ва инсон таркиб ёфтааст ва он метавонад аз як фард ба фарди дигар тавассути сулфа ва ё атса сироят кунад. Ин иттилоъ мақомоти Мексикаро водор сохт, ки садҳо чорабиниҳои оммавиро лағв ва ҷ ойҳои та ҷ амм ӯ ъи мардум – мактабу донишгоҳҳо, тарабхонаву театрҳо, варзишгоҳу осорхона ва ҳатто ибодатгоҳҳоро бубанданд. Онҳо ба мардум ташреҳ карданд, ки фақат аз ин роҳ метавон аз табдил ёфтани пойтахти кишвар Мехико ба маркази паҳншавии маризии “зукоми хук” ҷ илавгир ӣ кард. Раис ҷ умҳури Мексика Филипе Карделон низ дар як паём ба мардум аз паёмадҳои сангини ин вируси марговар ҳушдор дод.

Кормандони вазорати ҳифзи сиҳат бо паҳн кардани варақаҳо аз мардум дархост мекунанд , ки ба хотири ҷ илавгир ӣ аз хуру ҷ и мариз ӣ даҳону бинии худро п ӯ шонанд ва пайваста дастҳояшонро биш ӯ янд . Алайҳи маризии зукоми хук ҳан ӯ з ягон ваксина ихтироъ нашудааст ва алҳол маълум нест , ки давоҳои сармохӯрдаг ӣ то ку ҷ о тавони муқовимат бо ин вирусро доранд .  

Табибон ҳамчунин аз он бонги изтироб мезананд , ки ин вирус аллакай дар ИМА низ паҳн шудааст - дар иёлатҳои Калифорния , Канзас ва Ню - Йорк дар ма ҷ м ӯ ъ 11 нафар ба зукоми хук гирифтор шудаанд ва аммо табибон мег ӯ янд , ки ҳашт нафари онҳо аллакай шифо ёфтаанд .

Донишмандони бахши тиб солҳо боз аз имкони рух додани пандемия бар асари махлутшавии вирусҳои инсон ва ҳайвонот ҳушдор медоданд . Маргарет Чан, раиси кулли Созмони ҷ аҳонии беҳдошт мег ӯ яд, хуру ҷ и “зукоми хук” дар Мексика ва Иёлоти Муттаҳида воқеъан ҳам метавонад боиси пандемия дар сартосари ҷ аҳон шавад. Грегори Ҳортл, дигар намояндаи Созмони ҷ аҳонии беҳдошт ба он нуктаҳо ишора мекунад, ки вируси зукоми хук баъди гузаштани мавсими сармо паҳн мешавад ва афроди ба он мубталошуда на тифлону к ӯ ҳансолон, балки ҷ авонону миёнсолонанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти беҳдошти Фаронса имр ӯ з аз ошкор шудани нишонаҳои мариз ӣ дар сайёҳони аз Мексико баргашта хабар доданд . Бузургтарин фурудгоҳи байнулмилалии Токио тафтиши мусофиронро ба хотири ошкор кардани гирифтори “зукоми хук” ташдид бахшид, аз ҳамин гуна чораҳо дар фурудгоҳҳои Ҳонконг ва Таиланд низ кор гирифта мешавад.

Мақомоти Русия ҳам эълом доштанд , ҳама мусофироне , ки аз Мексика ва Иёлоти Муттаҳида вориди кишвар мешаванд , мавриди ташхиси ҷ идд ӣ қарор мегиранд . Маскав воридоти гушти хук аз Мексика , баъзе иёлатҳои Амрико ва аз кишварҳои ҳавзаи Карибро манъ кард .