Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ш ӯ рои мудирони и ҷ роии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) тасмим гирифт, ре ҷ аи қарзро барои фақиртарин кишварҳои ҷ аҳон ду баробар зиёдтар кунад.

Осонтар кардани шароити қарзгир ӣ аз ХБА бо назардошти вазъи ҷ аҳон ӣ пеш омада, ба кишварҳои бенаво дар коҳиши зарбаи б ӯ ҳрони ҷ аҳонии иқтисод ӣ к ӯ мак хоҳад кард.

То ҷ икистон дар қатори 78 кишвар ва қаламрав аз феҳрасти ширкаткунандагони барномаи мубориза бо фақр ба чунин имтиёз ноил гаштааст. Аз ин имтиёз ҳамчунин Арманистон, Гур ҷ истон, Молдова, Озарбой ҷ он, Узбакистон ва Қирғизистон низ барх ӯ рдор хоҳанд буд.

Аз р ӯ и қоидаҳои ХБА, бузургтарин ҳадди қарзгирии ҳар кишвар ба саҳми миллии он дар дороии ин ниҳод вобастааст. Ба иллати б ӯ ҳрони ҷ аҳон ӣ ахиран аз ин қоида чашм п ӯ шида мешавад.

Сарони ХБА мег ӯ янд, пас аз ихтисоси 100 миллиард доллар ба он аз тарафи Ҷ опон, сармояи умумии сандуқ ба 350 миллиард доллар расида, барои чунин к ӯ макҳо кофист. Қарор аст, Иттиҳоди Аврупо боз 75 миллиард евро ба ХБА ворид кунад. Дар ин бора сомонаи интернетии радиои Озодӣ бо такя ба изҳороти ин ниҳоди байнулмилалии молияв ӣ хабар медиҳад.