Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси ширкати сармоягузории «Сомон Капитал» дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шарҳи соҳаи маҳсулоти қаннодӣ: мушкилот, вазифаҳо ва роҳҳои ҳалли он» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатии марбути ин соҳа ва истеҳсолкунадагони маҳсулоти қаннодиии кишвар ширкат варзиданд.

            Чӣ тавре ки аз ширкати сармоягузории «Сомон Каритал» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, иштирокдорони мизи мудаввар атрофи масоили вазъи соҳаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҷумҳурӣ ва истифодаи пурсамари имконоти он табодули афкор намуданд. «Ширкати мо гузориши таҳлилии ин соҳаро ба иштирокдорон пешниҳод кард, ки дар он мушкилоти соҳа, омилҳои боздорандаи рушд ва имконоти ашёи хоми истифоданашуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст», - гуфт манбаъ.

            Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар Тоҷикистон то соли 2000 мудом поин рафта, ахири соли 1999 он ба андозаи 99 дарсад нисбат ба ҳаҷми соли 1991 коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми бозори дохилии ин маҳсулот беш аз 45 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад, ки ин ба ҳаҷми истеҳсоли соли 1991 баробар аст.