Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи нақшаи пешбинишуда, дар Тоҷикистон аз 1-уми май тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ афзуда намешавад.

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар робита ба таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки муваққатан аз афзудани тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ худдорӣ намояд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон бинобар боло рафтани арзиши нерӯи барқ ба андозаи 25 дарсад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ дода буд, ки аз 1-уми май нархи истифодаи нерӯи барқ 15 дарсад афзуда хоҳад шуд.

Айни замон аҳолӣ барои истифодаи нерӯи барқ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 6 дирам пардохт мекунад. Аз оғози соли нав арзиши истифодаи нерӯи барқ барои корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ ба андозаи 13,68 дирам, барои муассисаҳои буҷавӣ ва бахши коммуналӣ - 5,44 дирам, барои пойгоҳҳои обкашӣ ва нақлиёти барқӣ- 3,64 дирам муқаррар гардида буд.