Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Мутахассисони бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ба деҳқонон тавсия доданд, ки дар заминҳои кишти чигиташон пӯсида навъҳои пешпазаки пунбадонаи «Ирам-1 МН», «Сорбон», «Меҳргон», «Зарнигор» ва «Зироаткор-64»-ро кишт кунанд.

Чӣ тавре ки сардори шӯъбаи рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин навъи тухми чигит дар сурати риояи қоидаҳои агротехникӣ дар муддати 100 рӯз ба ҳосил медарояд. «Соли равон ҳосили зироати ғалладона нисбат ба соли гузашта беҳтар хоҳад шуд», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки соли ҷорӣ дар майдони беш аз 216 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт карда шуда, аз нисф зиёди он (120 ҳазор гектар) дар заминҳои обӣ воқеъ аст. «Ман боварӣ дорам, ки имсол дар ҷумҳурӣ беш аз 1 млн. тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварда хоҳад шуд»,- афзуд С.Баҳриддинов.