Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пеш дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар пойтахт ба сокинони шаҳр аз ҷонибаи 33 корхонаву муассиса ҳудуди 3,5 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод гардид.

Чӣ тавре ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони ярмака хабар доданд, аз 1200 нафари аз ярмарка боздиднамуда 71 нафар дар дохил ва 40 нафар дар хориҷи кишвар барои худ ҷойи корӣ пайдо карда, 18 нафар бекорон ба курсҳои омӯзишӣ фиристода шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, сабаби асосии ба ҷойҳои кории холӣ майл надоштани бекорон музди меҳнати ночиз аст. «Ғайр аз ин, аксари шаҳрвандони бекор дараҷаи зарурии касбӣ надоранд, то дар ҷойи пешниҳодгардида фаъолият намоянд», - афзуд манбаъ.