Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI » тӯли се моҳи тобистон давраи омӯзиши рӯзноманигории амалиро баргузор месозад . Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари иҷроияи Мактаби рӯзноманигорӣ Сафо Сафаров иттилоъ дод, давраи мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Таҳкими донишу малакаи касбии рӯзноманигорони ҷавон» бо дастгирии Барномаи Байналмилалии ЮНЕСКО оид ба рушди иртиботот ва Комиссия оид ба рушди демократияи назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

           Номбурда афзуд, ки дар чорабиниҳои таълимии марҳилаи аввали лоиҳа 60 рӯзноманигори навомӯзи аз 18 то 30 сола метавонанд ба таври ройгон ширкат варзанд. Давомнокии давраи омӯзишӣ 3 моҳ, яъне аз 1-уми июн то 31-уми август буда, зимнан ҳафтае 2 маротиба дар гурӯҳҳои тоҷикию русӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Матбуот», «Радио» ва «Телевизион» дарсҳо гузаронида мешаванд. Дар ин давраи омӯзишӣ рӯзноманигорони касбию шинохтаи Тоҷикистон таълим медиҳанд. Сипас дар моҳи сентябр иштирокдорон дар расонаҳои гуногуни кишвар коромӯзӣ ва фаъолият мекунанд.

Сафо Сафаров мегӯяд, ки зимни таҳсил дар Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI » ва коромӯзӣ иштирокдорон барои таҳияи маводи рӯзноманигорӣ аз таҷҳизот, компутерҳо, Интернет, ҳамчунин китобхонаи ихтисосии Маркази Захираҳои Рӯзноманигорӣ баҳравар мегарданд. Маводи таҳиякардаи онҳо дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

Ба қавли сарвари Мактаби рӯзноманигорӣ, баъд аз хатми давраи омӯзишӣ иштирокдорон барои кор дар садою симо ва расонаҳои гуногуни чопии кишвар тавсия карда мешаванд.

Айни замон номнависии хоҳишмандони таҳсил дар ин давраи омӯзишӣ ҷараён дошта, муроҷиату мактубҳои онҳо то 30-юми майи соли ҷорӣ пазируфта мешавад.

Маълумотнома: Ташкилоти ҷ амъиятии «Мактаби мустақили р ӯ зноманигории «То ҷ икистон – асри XXI » дар моҳи июни соли 1999 таъсис гардидааст. Мақсади созмон баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, рушди бозори иттилоотии Тоҷикистон, ҳамчунин тақвияти рақобатпазирии ВАО-и кишвар аст.

Дар давоми фаъолияти худ ММР «То ҷ икистон – асри XXI » беш аз 20 лоиҳаро амалӣ кардааст, ки дар шумори онҳо тарҳи фаромарзии «Тоҷикистон – Афғонистон: Пулҳои дӯстӣ», «Рӯзноманигории нав дар Тоҷикистони нав», «Раҳбарӣ дар ВАО», «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият» ва ғайра мебошанд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳо тренингу семинар ва давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати боло бурдани малакаи рӯзноманигорон, омӯзонидани назокатҳои истифода аз фановариҳои иттилоотию компутерӣ, меъёрҳои ахлоқи журналистӣ ва ҷанбаҳои дигари касбӣ гузаронида шуданд.