Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пеш аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти мақомоти раҳбарии бахши иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати ҶТ ва намояндагони созмонҳои мададрасон изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он гуфта мешавад, иқтисоди Тоҷикистон аз таъсири пайомадҳои буҳрони молӣ ба мушкилот рӯбарӯ аст ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри рафъи он аз созмонҳои мададрасон кӯмак дархост кардааст.

Дар изҳорот зикр гардидааст, ки вазъи бахши макроиқтисодӣ ғайриинтизор босуръат рӯ ба таназзул мениҳад: дар зарфи чор моҳи аввали сол рушди иқтисодӣ ҳамагӣ 2,9 дарсад аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, дар семоҳаи аввал ҳаҷми содирот ба андозаи 41%, воридот – 11%, интиқоли маблағҳои пулӣ - беш аз 30%, ҳаҷми пардохтҳо – 15% коҳиш ёфта, қурби асъори миллӣ ба миқдори 14 % поин рафт.

Дар санади қабулгардида қайд мешавад, ки таҷдиди назари буҷаи соли 2009 ба ҷуз бахши иҷтимоӣ, дар дигар бахшҳо коҳиши ҳаҷми хароҷотро пешбинӣ мекунад.

Намояндагони созмонҳои мададрасон изҳор доштанд, ки   имконоти дастгирии буҷа, пешниҳоди кӯмаки фаннӣ ва лоиҳавиро дар чаҳорчӯбаи барномаҳои худ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод, вале дар навбати худ ҳукумати ҶТ бояд ҷараёни амалисозии ислоҳот, рушди устувор ва беҳбудӣ дар бахши истифодаи замин, ҳалли қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва фаъолияти озодонаи фермеронро таъмин созад.