Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пеш вазири меҳнати ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни мулоқоти мақомоти раҳбарии бахши иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати ҶТ бо намояндагони созмонҳои мададрасон изҳор дошт, ки танҳо беш аз 30 дарсади муҳоҷирони меҳнатии аз ҷониби ин вазорат пурсидашуда бозгашт ба ватанро ба бӯҳрони молӣ марбут донистаанд.

            Ба қавли Ш.Зуҳуров, чанд рӯзе қабл мақомоти дахлдори вазорат миёни 6 ҳазор муҳоҷири меҳнатии ба ватан баргашта назарсанҷӣ гузаронидаанд ва танҳо 31,7 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки бар асари бӯҳрони молӣ дар хориҷи кишвар аз ҷойи корӣ маҳрум шудааанд. «Аз ин шумор 22,6 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки пас аз хориҷ шудан аз ҷойи кори пештара дигар кор пайдо накарда, 9,1 дарсади пурсидашудагони боқимонда дар посухҳои худ чунин изҳори назар кардаанд, ки пас аз дар муддати се моҳ напардохтани музди меҳнат кишвари хориҷиро тарк кардаанд», - гуфт ӯ.

            Ш.Зуҳуров афзуд, 68,3 дарсади пурсидашудагон чунин посух додаанд, ки аз кор барои мувофиқи ихтсиос кор накардан ё қобилияти касбии заруриро доро набудан аз кор ронда шудаанд.