Як гурӯҳ донишҷӯдухтарони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ки бо сатр ё ҳиҷоб ба таҳсил меоянд, шикоят карданд, ки чанд рӯзи охир онҳо барои ин амал мавриди фишору таҳдидҳои навбатии раҳбарияти донишгоҳ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо роҳбарияти донишгоҳ ҳатто баъзеашонро барои пӯшидани сатр аз Донишгоҳ хориҷ карданианд.

Донишгоҳи миллӣ духтарони ҳиҷобдорро хориҷ менамояд

 

                Гулнора Бобоназарова донишҷӯи соли панҷуми факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки феълан хориҷшуда маҳсуб мешавад, дар сӯҳбат гуфт, ду сол мешавад, ки вай сатр ба бар мекунад. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки ӯ танҳо ба хотири фарз будан ҳиҷоб мебандад на бо ягон мақсади дигар. Вай гуфт, чаро дигар донишҷӯён бо "мини юбка" мегаштаанду сатрпӯшон бояд ҳиҷобашонро кашанд? Сатрпӯшон гунаҳкор шудаанд, ки бадани худро аз назари номаҳрамон пӯшондаанд? Чаро ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандии баъзе донишҷӯдухтаронро роҳбарияти Донишгоҳ поймол мекунад? Як сол аст, ки деканат духтарони ҳиҷобпӯшро аз дарсҳову имтиҳонҳо берун мекунад. Вай, ки дар соли панҷум мехонаду феълан имтиҳоноти давлатӣ супорида истодааст гуфт, баъди чанд рӯзе баъзе ҳиҷобпӯшон донишгоҳро бояд хатм мекарданд. Роҳбарият ҳатто намегузоштааст, ки онҳо Донишгоҳро хатм кунанд.

                Гулнора Бобоназарова ҳамчунин қайд намуд, ки дар гурӯҳи онҳо 8-духтари сатрпӯш асту аз миёни онҳо танҳо номи ду нафарашонро барои хориҷ намудан ба ректорати донишгоҳ пешниҳод кардаанд. Ҳиҷобпӯш ва ё ҷабрдидаи дигар, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, худро донишҷӯи соли аввали якфакултаи дигари хамин донишгоҳ муаррифӣ намуд. Ӯ мегӯяд баъди аз сар гирифтани сатр ба ӯ шартҳои нави дастурамали вазорати маорифро пешниҳод кардаанд. Аз рӯзи аввале, ки вай ба ин Донишгоҳ омадааст, муноқишаҳо дар мавриди бастани сатр ҷой доранд. Барои Бобоназарова масъалаи норӯшан ин будааст, ки ӯ намедонад барои чӣ пеши бараш кушода бошад? Илова бар ин бараҳна гаштани баъзе духтарон дар Донишгоҳ алами дилашон будааст, зеро чунин духтаронро чизе намегуфтаанду ҳиҷобпӯшонро таҳқир мекардаанд. Дар гурӯҳи онҳо се нафар сатрпӯш будааст, ки ному насаби харсеашонро барои хориҷ кардан пешниҳод кардаанд. Беҳтар мебуд роҳбарияти Донишгоҳ ба илму дониши хонандагон аҳамият медод на ба сару либос, иброз дошт Гулнора.

                Бояд гуфт, ки вобаста ба мушкили сатрпӯшон писарон низ бетарафӣ зоҳир намекунанд. Далер Шарифов донишҷӯи соли дуввуми факултаи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи Миллӣ мегӯяд, вақте, ки аз миёни 8-нафар ду нафарро хориҷ мекунанд, ин маънои амалӣ шудани фармон ва ё дастурамали ба тасвиб расонидаи вазири маориф дар мактабҳои олии кишварро надорад. Номбурда ҳамчунин аз нафароне, ки садди бастани ҳиҷоб мешаванд, даъват ба амал меорад, ки ба донишҷудухтарон фаҳмонанд, ки ба бар кардани сатр чи зарар дорад? Баъд аз он, ки Тоҷикистон истиклолиятро ба даст оварду соли 1994 мардуми тоҷик бо як орзуву ормон конститутсияро қабул кард, конститутсия бояд ин розуву ормонҳои мардуми тоҷикро амалӣ кунад ва халқи тоҷик ба ин конститутсия боварӣ дораду ҳамчун муқаддасоти миллии кишвар онро эътироф мекунанд, вале конститутсияе, ки имрӯз ормонҳои шаҳрвандонро бароварда карда наметавонад, хусусан имрӯз, ки бахси ҳиҷоб саросари Тоҷикистонро фаро гирифтааст ва хеҷ кас наметавонад ин мушкилро ҳал намояд чӣ гуна метавон гуфт, ки донишҷӯён аз дастурамали вазорати маориф пайравӣ мекунанд? Сарқонун волотар аст ё дастурамали вазорати маориф? Далер ҳамчунин аз Эрон рафтанаш мисол оварда гуфт, ки вақте онҳо дар фурудгоҳи Теҳрон аз ҳавопаймо фаромаданд як духтар бе руймол мехост аз ҳавопаймо фарояд, аммо масъулин нагузоштанд, ки ҳамон духтарак бе сатр аз дохили тайёра ба берун барояд. Оё дар Тоҷикистон имрӯз вазири маориф метавонад омада, як донишҷӯдухтари эрониро, ки бо ҳиҷоб ба Донишгоҳ меояд, ронад?

                Ин дар ҳоле гуфта мешавад, ки афзуд ӯ, дар Сарқонуни Тоҷикистон ҳукуқу озодии ҳар шахс ҳатто хориҷиҳо низ кафолат дода шудааст. Модом, ки чунин бошад, бигзор духтарони тоҷик ҳам бо сатр вориди мактабҳои оливу корхонаҳо шаванду дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошанд.

                Дар зимн Муҳибулло Аминов донишҷӯи соли сеюми факултаи шарқшиносӣ мегуяд, вай шоҳиди ҳолате шудааст, ки ноиби ректори ДМ оид ба таълиму тарбия Латофат Назирова шаҳрванди оддиро, ки ҳиҷоб дошту мехост вориди донишгоҳ шавад роҳ надода аз донишгоҳ рондааст. Назирова ҳангоми дидани духтар дар ҳол аз ӯ пурсид, ки чар бо сатр вориди Донишгоҳ шудӣ? Ҳичобпӯш дар ҷавоб гуфт, ки вай донишҷӯ нест, балки унвонҷӯст ва ба Донишгоҳ назди устодаш омадааст. Баъдан Латофат бо суханҳои қабеҳ ин духтарро аз дохили Донишгоҳ берун кард. Сатрпӯш бо гиря иброз дошт, ки ӯ ҳиҷобро ба хотири он бастааст, ки модараш аз дунё гузаштааст. Аз ин амалкард маълум намудан душвор нест, ки дар Тоҷикистон дастурамали вазорати маориф аз сарқонуни кишвар болотар қарор дорад.

                Зарина ном донишҷӯи дигари ДМ мегӯяд, ки ҳатто фаррошони донишгоҳ монеи иҷозаи ворид шудани онҳо мешудаанд. Номбурда гуфт, ҳолатҳое мешавад, ки сатрпӯшонро ба харидани чиптаи маҳфили зарифон маҷбур мекунанду худи онҳоро аз толори Кохи Ҷомй барои ҳиҷобдоштанашон меронанд. Баъдан онҳо хостанд, ки чиптаҳои бо пули қарз харидорикардаашонро, бо сабаби аз тамошои махфил маҳрум шуданашон ба декани факулта бозпас гардонанд, аммо боз фикр карда байни худ гуфтанд, ки дар ин миён декан гунаҳкор нест, балки ӯро ҳам аз боло маҷбур мекунанд, то даст ба чунин кор занад. Ин дастурамал танҳо барои духтарони сатрпӯш будааст, афзуд мавсуф.

                Дар ҳамин ҳол Латофат Назирова ноиби ректори ДМ оид ба таълиму тарбия мегӯяд, зиёд шудани сатрпӯшон боиси ба ташвиш афтодани роҳбарият шудааст. Чунки афзуд номбурда, дар пеш арафаи интихобот қарор дорад ва аз эҳтимол дур нест, ки донишҷӯдухтарони ҳиҷобпӯш аъзои ягон ҳизбу гурӯҳҳои таблиғотӣ бошанд. Дар мавриди хориҷ кардан бошад, Назирова гуфт, ки роҳбарияти донишгоҳ пас аз огоҳ намудан ва аз ҷониби донишҷӯён дуввумбора такрор шудани амали ғайри талаботи донишгоҳ ҳукуқи хориҷ кар дани онҳоро доранд. Илова бар ин дар ин давра ҳамагуна ҷараёну равандҳои гуногун аз ҷумла хизбҳои сиёсие, ки дар кишвар ҳастанд онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро дар доираҳои худ ворид бикунанд. Аз ин рӯ роҳбарияти Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки донишҷӯёни ДМ ба ғайр аз донишандӯхтан ба дигар корҳо шуғл наварзидани онҳо мусоидат намояд. Дар мавриди он, ки гӯё роҳбарият ба духтарони бараҳна сару коре надорад, воқеият надорад. Ин ба ғайр аз тӯҳмат ба Донишгоҳу устодон чизи дигаре нест, қайд намуд Назирова.

                Аммо Зарина мегӯяд, онҳо аъзои ягон ҳизбу гурӯҳҳои мухолифи сиёсати давлат нестанд, балки ҳиҷобро танҳо ба хотири имондориву фарз буданаш мебанданд. Чанд рӯз қабл намояндаҳо аз ректорат омада гуфтанд, ки гӯе сатрпӯшон аз ҳизбҳову гурӯҳҳои махсус бошанд. Дар сурати ба хотири Худованд бастан иҷоза медодаанд, аммо

Ҳичобпӯшон ҳатто коре ба салафиҳову Ҳизби таҳриру гурӯхдои дигари зиддиҳукуматӣ надоранд, гуфт, Зарина.

                Латофат Назирова ноиби ректори ДМ гуфт, дар факултаи филологияи тоҷик аввал як сатрпӯш буд, вале баъди як ҳафта якбора теъдоди онҳо ба панҷ нафар расид. Мақсади вазорати маориф ва донишгоҳҳам тинҷу ором нигоҳ доштани вазъи кунунии кишвар аст, иброз дошт Назирова.