Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Боз 3 кӯчаи шаҳри Душанбе мавриди таъмиру бозсозӣ қарор мегиранд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси пойхтахт иттилоъ доданд, бо қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарраёсати ободонии мақомоти шаҳрдорӣ вазифадор шудааст, ки корҳои таҳияи асноди таъмиру бозсозии кӯчаи Соҳилӣ - аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, сохтмони роҳи мошингард дар кӯчаи Соҳилӣ - аз кӯчаи Ҷомӣ то пайвастшавӣ ба кӯчаи Н.Қаробоев ва корҳои таҷдид дар кӯчаи Алишери Навоӣ - аз буриши кӯчаи Б.Ғафуров то дарвозаҳои ғарбии пойтахтро омода созад.

            Айни замон дар 7 кӯчаи шаҳри Душанбе корҳои таъмиру бозсозӣ гузаронида шуда истодаанд, ки баҳри иҷрои он мақомоти шаҳрдории пойтах 28 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.