Афсари гурӯҳи таъминоти амният ва алоқаи президенти Русия дар меҳмонхонаи «Ҳайёт Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе нобаҳангом аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, санади дарёфт ва азназаргузаронии подполковники 38-сола Владимир Кузнетсов дар ҳуҷраи афсар дар худи меҳмонхона бо иштироки коршиносони ВКД-и Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия баргузор шудааст.

Гуфта мешавад дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, марҳум рӯзи 26-уми июли соли равон бо сафари корӣ ҷиҳати таъмини амният ва алоқаи махсуси президенти Русия Дмитрий Медведев зимни боздид аз Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омадааст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон огоз мегардад.