Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба раҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, то дар 18 шаҳру навоҳии ин вилоят барои мутахассисони ҷавони соҳаи маорифу тандурустӣ хонаҳои хидматӣ бисозанд. Гуфта мешавад ин дастур дар пасманзари тарки кор кардани духтурону омӯзгорон ва дигар мутахассисони ҷавон рӯйи даст гирифта шудааст.

Дар ҳоле мақомот бунёди хонаҳои хизматӣ барои мутахассисони ҷавонро ҳадаф қарор додааст, ки давоми чанд соли ахир шумори зиёди омӯзгорону духтурон ба хотири беҳтар кардани вазъи зиндагӣ тарки пеша кардаву рӯй ба муҳоҷират овардаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ шумори дақиқи омӯзгорону духтуроне, ки давоми як соли ахир тарки кор кардаанд номбар накард, вале ин равандро “бисёр ташвишовар” хонд.

“Бисёр ташвишовар аст, ки имрӯз мутахассис берун аз ҷумҳурӣ рафта кору фаъолият карда истодаанд. Дар тамоми дунё муҳоҷирати меҳнатӣ ҳаст. Имрӯз Раёсати тандурустӣ ва маориф пурра кадрҳои ҷавонро ба кор ҷалб карда истодаанд. Мо бояд дар масъалаи таъмини мутахасисони ҷавон дар соҳаи тандурустӣ ва маориф ҷиддӣ кор кунем”.

Мувофиқи маълумоти ахир, имсол дар вилояти Хатлон бештар аз ду ҳазор муаллим тарки соҳа карда ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. 

Раиси вилояти Суғд дар ҳоле ин мушкилро ташвишовар хонад, ки дирӯз Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти хабарияш гуфт, ки ин мавзуъи ҷиддие нест, ки аз он фоҷиа сохта шавад. 

Ба иттилои ӯ сохтмони чунин хонаҳо алакай дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуда, дар сурати бунёд шудан ҳудуди 300 мутахассис бо манзил таъмин мешаванд. Хонаҳои хидматӣ барои мутахассисон аз буҷаи ҳукуматҳои маҳаллӣ сохта шуда, барои соҳибонаш ройгон дода мешавад.

Мансабдорони вилояти Суғд
Хадамоти матбуоти раиси Суғд

“Ба раисони шаҳру ноҳияҳо ман дастур додам сохтмони хонаҳои хизматиро оғоз кунанд. Бовар дорам, ки давоми ду се соли охир мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ, маориф ва оилаҳои эҳтиёҷманд ва дигар кормандони хидматчии давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо хонаи хидматӣ пурра таъмин мекунем”,-гуфт, Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд ҳамзамон роҳбарони корхонаҳои азими саноатии шимолии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, барои кормандони ҷавонаш хонаи хидматӣ созанд. Раҷаббой Аҳмадзода корхонаҳои бузурги “Зарафшон”, “Зарнисор”, “Ҷавонӣ”, “Апрелевка”, “Қолинҳои Қайроққум”-ро мисол овард, ки то 3 ҳазор коргар доранд ва супориш додааст барои беҳбуди зиндагии кормандон ва дастгирии мутахассисони ҷавон хонаи хидматӣ созанд.

Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷират соли 2021 аз шимолии Тоҷикистон 181 ҳазору 109 нафар сокинон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки ин омор назар ба ду соли пеш аз пандемия беш аз 70 ҳазор ва дар муқоиса ба соли 2020- 151,742 ҳазор зиёд аст.

Омори муҳоҷирон баъди соли 2014 дар вилояти Суғд ба маротиб коҳиш ёфта дар солҳои 2018-2019 мутаносибан ба 104,948 ҳазор ва 108,702 ҳазор баробар буд. Вале ду соли пандемия кору зиндагии аксар сокинонро ба ҳам зад ва раванди муҳоҷиршавии ба хусус омӯзгорону духтуронро афзоиш дод. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.