Дар соли 2021 Хадамоти иҷрои Тоҷикистон бо сабаби қарздорӣ 2285 шаҳрвандро мамнуъулхуруҷ кардааст, ки дар натиҷа, 49 қарздор сарҳади кишварро убур карда натавониста, беш аз 487 ҳазор сомонӣ қарзи худро ба давлат пардохт карданд.
Дар ин бора сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Барно Саидвализода имрӯз, 30 март баъди ҷаласаи парлумонӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод.
Номбурда гуфт, ҳамчунин, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он дар соли 2021 –ум 3471 шахси воқеӣ ва 184 шахси ҳуқуқӣ ба феҳрести қарздорони Хадамоти иҷро ворид карда шуданд.
Ӯ афзуд, дар соли 2021 беш аз 48 ҳазор қарори додгоҳӣ, ки аз сӯи шаҳрвандон ихтиёрӣ иҷро нашуд, бо ирсоли варақаи иҷро аз сӯи додрасҳо вориди Хадамоти иҷро гардид ва бештар аз 80 дарсади чунин қарорҳо бо мусоидати ин ниҳод амалӣ шудаанд.
- Вақте ҳукми додгоҳ аз як тарафи баҳс ихтиёран иҷро намешавад, аз сӯи додгоҳ ба Хадамоти иҷро варақаи иҷро пешниҳод мешавад ва ба хадамот онро асос карда иҷборан қарори додгоҳро амалӣ мегардонад. Яъне беш аз 48 ҳазор қарори додгоҳӣ, ки ихтиёрӣ аз сӯи тарафҳо иҷро нашуд, ба дасти хадамот расид ва мо кӯшиш намуда истодаем, ки онҳоро иҷборан амалӣ намоем, - гуфт роҳбари Хадамоти иҷро.
Қонуни истеҳсолоти иҷро ғафстар мешавад
Барно Саидвализода, ки имрӯз, дар ҳузури вакилони парлумон лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷроро муаррифӣ мекард, гуфт, қонуни нав як қатор уҳдадориҳои навро ба кормандони хадамоти иҷро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, онҳо имкон пайдо мекунанд, ки иҷрои санадҳои мансабдоронро назорат кунанд. Чизе ки ба гуфтаи ӯ, дар қонуни пешинаи ислоҳоти иҷро набуд.
Сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфт, ки қонуни нав аз ҷиҳати ҳаҷм, матн, танзими муносибатҳо ва услуби забонӣ аз қонуни пешина фарқкунанда буда, дар асоси таҷрибаи 13 солаи қонуни пештара омода шудааст.
Ӯ гуфт, аз ҷумла, дар қонуни нав бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ, пешгирии оқибатҳои номатлубӣ он, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ масъалаҳои мувақатан аз кишвар берун нарафтан қарздор ва тартиби ворид намудани қарздорон ба феҳрести ягонаи қарздорони Хадамот пурра таҷдиди назар шудааст.
Ҳамчунин, ба таъкиди Саидвализода тибқи лоиҳаи қонуни нав минбаъд иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба зимаи иҷрочиёни мақомоти иҷро вогузор карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки қонуни пешина дар бораи ислоҳти иҷро моҳи марти соли 2008 қабул шуда, ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста