Дирӯз, 1 июн дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон бо иштироки беш аз 200 соҳибкори тоҷику ӯзбек форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар ҳошияи он 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1062,6 миллион доллар ба имзо расид.
Дар форум муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир–вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва дар маҷмӯъ, беш аз 200 намояндаи расмӣ, соҳибкорон, тоҷирон ва сармоягузорони ду кишвар ширкат карданд.
Гуфта мешавад, ки зимни форум миёни намояндагони ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва соҳибкорони ду кишвар масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ сарони ҳайатҳои ду кишвар имконоти назаррасро барои тавсеаи шарикии иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки технологӣ, ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёз ва рушди бозорҳои ояндадор қайд намуда, намояндагони соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистонро барои ҳамкории фаъол даъват намуда, ҳамзамон омодагии ҳукуматњои ду кишвар барои расонидани ҳама гуна дастгирии зарурӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид гардид.
- Дар доираи форум миёни соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 40 созишномаву қарордодҳои тиҷоратӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард доллари ИМА ба имзо расид, - навиштааст сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар шарҳи баргузории ин форум.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон навиштааст, ки дар ҳошияи форум 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1062,6 миллион доллар ба имзо расид.
Ин ниҳод гуфтааст, бо мақсади тақвияти савдои дуҷониба ва ҳавасмандсозии рушди ҳамкориҳои саноатӣ дар ояндаи наздик таъсиси минтақаи наздисарҳадии "Ӯзбекистон-Тоҷикистон" дар минтақаи гузаргоҳҳои “Ойбек” ва “Фотеҳобод” дар назар аст, ки дар он иқтидорҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистикӣ ва зерсохтори зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.

- Ҳамчунин, азми ду кишвар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, электротехника, истихроҷи маъдан ва энергетика эълон карда шуд. Дар ин росто имкониятҳои таъсиси ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2021 ҳамчун василаи муассири дастгирии лоиҳаҳои бахши хусусӣ таъкид гардид, - навиштааст вазорати сармоягузории Ӯзбекистон.
Дар ҷараёни форум ҳамчунин доир ба лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ маълумот дода шуд.
Форум дар доираи сафари расмии дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон баргузор гардид.
Қаблан, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки дар Ӯзбекистон имзои як қатор санадҳо миёни ду кишвар пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста