Дар даргириҳои ахир, 14 - 17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 59 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Дар ин бора 7-уми октябр дар Ереван Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ (СААД) хабар дод.

Бино бар хабаре, ки 8-уми октябр дар сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон нашр шуд, дар ин ҳамоиш Содиқ Имомӣ оид ба паёмадҳои муноқиша дар марз ба ҳамкорони худ маълумоти муфассал додааст.

“Рӯзҳои 14 – 17-уми сентябри соли 2022, 59 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд <...>, 234 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, 296 иншооти инфрасохтори шаҳрвандӣ, аз ҷумла 3 мактаб, 2 муассисаи тиббӣ ва 3 масҷид тахриб шуданд”, - омадааст дар хабари сомонаи ВКХ.

Аммо бо гузашти чанд вақт маълумот дар бораи талафоти ҷониби Тоҷикистон аз матни баёния дар сомонаи ВКХ “нопадид” шуд.

Акс аз сомонаи СААД

Дар матни навшуда танҳо омадааст “С. Имомӣ ба давлатҳои узви СААД дар бораи пайомадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон маълумоти муфассал дод”.

Чаро маълумоти қаблан нашршуда аз матн нопадид шуд, ВКХ-и Тоҷикистон аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҷаласа Нурон Ниёзалиев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба роҳандозии механизмҳои СААД даъват кард, ки аз даргириҳои мусаллаҳона миёни аъзои ин созмон ҷилавгирӣ кунад.

“Нурон Ниёзалиев аз ҷонибҳо даъват кард, ки механизмҳои СААД-ро ҳарчӣ зудтар ба кор андозанд, то аз таҷовузи минбаъдаи мусаллаҳона пешгирӣ кунад ва ҳама ихтилофоти байни давлатҳо бо роҳи сулҳомез тибқи Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Оинномаи СААД, ҳалли худро ёбад”, - хабар медиҳад ВКХ-и Қирғизистон.

Қаблан Тоҷикистон расман аз ҳалокати 41 нафар дар даргириҳои марзӣ хабар дода буд. Қирғизистон дар бораи 63 кушта ва беш аз 200 захмӣ хабар додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.