Мақомоти гумруки вилояти Суғд дар соли 2022 се нафарро барои интиқоли пули нақд бидуни барасмиятдарории гумрукӣ боздошт намудаанд.

Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд гуфт, нафарони боздоштшуда мехостанд миқдори калони асъори нақдро бе расмиёти гумрукӣ аз сарҳад гузаронанд.

Ба иттилои ин масъули минтақаи гумрукии вилояти Суғд, нафари аввал Сайдулло Нуриллоев будааст, ки мехостааст 27 ҳазор евроро ба таври сохтакорӣ аз кормандони гумрук пинҳон карда, аз сарҳад гузаронад.

Нафари дуюм Фурқатҷон Қулматов бошад, барои интиқоли ғайриқонунии 50 ҳазор доллари ИМА боздошт шудааст.

Амирҷони Воҳид ҳам барои ба таври сохтакорӣ аз кормандони гумрук пинҳон кардани 2 млн рубли русӣ боздошт шудааст.

“Айни ҳол нисбати ҳамаи боздоштшудагон бо моддаи 289-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст”, - иброз намуд Зафар Маҳмадиев.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ  сол муайян мекунад.

Зафар Маҳмадиев
Акс аз муаллиф

Чӣ қадар пули нақд ба Тоҷикистон ворид кардан ё аз он баровардан мумкин аст?

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола нафарони зиёд барои интиқоли пули нақд бе тартиб додани расмиёти гумрукӣ боздошт мешаванд ва яке аз сабабҳои интиқоли ғайриқонунии пули нақд ин надонистани талаботи қонунгузории кишвар мебошад.

Мувофиқи Дастурамали №234 “Дар бораи тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани сарватҳои асъорӣ”, ворид намудани асъори нақд ба ҷумҳурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) бе маҳдудият, бо риоя намудани талаботи қонунгузории гумрукии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Талаботи ягона - анҷоми ҳатмии расмиёти эъломия зимни ворид кардани маблағи баробар ё зидтар аз 3 ҳазор доллари ИМА.

Аммо зимни баровардани пули нақд талабот бештар аст.

Мувофиқи ҳамин дастурамал аз Тоҷикистон ба берун аз ҳудуди кишвар баровардани асъори хориҷӣ тариқи зайл амалӣ мешавад:

а) шахсони воқеӣ - резидентҳо ва ғайрирезидентҳо 3 ҳазор долларро бе зикри маблағ дар эъломия бароварда метавонанд;

б) барои баровардани беш аз 3 ҳазор то 10 ҳазор доллар аз резидентҳои ҶТ пур кардани эъломияи хаттӣ бе пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ (тасдиқкунанда), ки ба баровардани асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон имкон медиҳанд, талаб мешавад;

в) зимни баровардани маблағи беш аз 10 ҳазор доллар аз резидентҳои ҶТ ҳатман пур кардани эъломияи хаттӣ бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, ки ба баровардани асъори хориҷӣ имкон медиҳанд, талаб мешавад;

г) берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани зиёда аз 3 ҳазор доллар аз ҷониби шахсони воқеӣ, ғайрирезидентҳо бо шарти пур кардани эъломияи хаттӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тсдиқкунанда амалӣ мешавад.

Дар хусуси тарзи собит кардани сарчашмаи пайдоиши сарватҳои асъорӣ аз матлаби зерин метавонед маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.