Ду рӯзи баъдӣ, 22 – 23-юми ноябри соли ҷорӣ, ҳаво дар кишвар тағйир ёфта, боридани борон ва дар баъзе ҷойҳо барф дар назар аст.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки пагоҳ, 22-юми ноябр, ҳаво тағйир ёфта, дар баъзе навоҳии кишвар борон меборад. Шаби 23-юми ноябр дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон борони бошиддат дар назар аст.

23-юми ноябр дар аксари манотиқи кишвар борон борида, дар баъзе ҷойҳо ба барф табдил меёбад.

“Рӯзҳои 22 – 23-юми ноябр бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар бештари шаҳру ноҳияҳои кишвар то 10 – 12 дараҷа паст мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.