Арабистони Саудӣ барои сафари ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2024, мисли соли қаблӣ, 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Дар ин бора саҳифаи фейсбуки маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи марбут ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин маҷалла, имрӯз, 8-уми январ, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда бо Тавфиқ ал Рабиа, вазири ҳаҷ ва умраи ин кишвар мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳаҷ ва умра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамзамон миёни ду ҷониб Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили ҳаҷҷи мавсими соли 2024-ум ба имзо расид.
“Зимнан, кишвари мизбони ҳаҷ имсол тибқи тартиб ҳиссаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 7000 адад муайян намудааст”, - менависад ин нашрия.
Аммо то ҳол харҷи сафари Ҳаҷ барои соли ҷорӣ дақиқ муайян нашудааст.
Соли гузашта низ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота барои зиёрати ҳаҷ ҷудо карда буд. Арзиши хидматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” 59 ҳазор сомонӣ муайян шуд, ки ин нарх нисбат ба мавсими ҳаҷҷи соли 2022 1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар мебошад.
Бояд гуфт, ки соли 2023 Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста