Маркази миллии тестӣ (ММТ) аз аҳолӣ хостааст, зимни супоридани имтиҳон ва дохилшавӣ ба макотиби олӣ ба қаллобон бовар накунанд, зеро ҳеҷ кас ба натиҷаҳои имтиҳонҳои довталабон таъсир расонида наметавонад.

Ин ниҳод бо нашри як муроҷиатномаи махсус гуфтааст, ки дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳо ба довталабон шаффофиятро кафолат медиҳад ва “ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ, тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар имтиҳонҳо роҳ дода намешавад”.

Ин марказ эътироф кардааст, ки эҳтимоли фиреби аҳолӣ барои дохил кардани фарзандонашон аз сӯи шахсони авомфиреб ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ба ивази маблағ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, онҳо ҳушёр бошанд, ки “фирефтаи чунин қаллобон нашаванд”.

ММТ гуфтааст, ҳамаи раванди имтиҳонсупорӣ дар марказ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ гузаронида шуда, бехатарию махфияти иттилоот низ таъмин мешавад. Ҳамчунин онҳо гуфтаанд, дар синфхонаҳои имтиҳонсупорӣ кадурбинҳои насб шудааст ва падару модарон ва хоҳишмандон метавонанд ин равандро мушоҳида кунанд.

“Ҳар шахси солимақл дарк менамояд, ки бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот имкони ёрӣ расонидани касе ба довталаб вуҷуд надорад”, - гуфтааст ММТ.

Ин ниҳод аз аҳолӣ даъват кардааст, ки аз амалҳои қаллобии марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти ММТ дар байни ҷомеа бетараф набошанд.

“Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунониданӣ мешаванд, ки гӯё барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил намудан ёрӣ расонида метавонанд, ҳатто агар онҳо, воқеан, ба Марказ алоқамандие дошта бошанд ҳам, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!”, - гуфта мешавад дар муроҷиатномаи ММТ.

Дар ҳолати бо чунин ҳолат рӯбарӯ гардидан, таъҷилан бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-73 ба марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунед.

Огоҳии ММТ дар ҳолест, ки ҳамасола нархи давлатии хидматрасонии марказ баланд мешавад. Аз ҷумла, ду соли охир ин разиш 30 сомонӣ қиммат мешавад. Аз ҷумла, соли равон барои хатмкунандагони синфи 11-ум 330 сомонӣ (соли 2023 - 300 сомонӣ буд) ва барои хатмкунандагони синфи 9 230 сомонӣ (соли 2023 - 210 сомонӣ буд) муқаррар шудааст.

ММТ бо оғози давраи бақайдгирии довталабон ки ҳамасола 1-уми март озоз мешавад, чунин ҳушдоре ба аҳолӣ нашр мекунад. Соли гузашта ҳам аз аҳолӣ даъват карда буд, ба миёнаравҳо ё қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ваъдаи дохил кардани довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои кишвар медиҳанд, бовар накунанд.

Вале тарҷиба нишон медиҳад, ки баъзеҳо барои дохил кардани фарзандонашон ба шахсони алоҳида маблағ медиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо мақомот аз боздошти чунин шахсон хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.