Имрӯз, 18-уми апрел, зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷумла, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Тоҷикистону Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков сароянда ва вазири фарҳанг, сарояндагон Муноҷотхон Юлчиева, Ағабай Сабиров ва Юлдуз Усмонова бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Ёдгор Сагдиев бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин, бо фармони Шавкат Мирзиёев барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии наку, ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти самарабахш ҷиҳати ҳифз ва инкишофи ҳунар, арзишҳои маънавӣ ва мероси таърихӣ, нақши муассир дар самти таҳкими дӯстӣ байни мардумони ба ҳам бародар сарояндагон Миралӣ Достиев, Исмоил Назриев, Фурқат Саидов, Тулқин Тоҷибоев ва Раҳматулло Ҳошимов бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонда шуданд.

1/9

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.