Имрӯз, 27-уми май Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, вазири рус бо ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзода мулоқот мекунад ва яке аз масъалаҳои асосоӣ баррасии вазъи муҳоҷирати меҳнатии тоҷик дар Русия аст.
“Дар ҷаласа ҳайатҳо масоили марбут ба будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ва шаҳрвандони Русия дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд”, - гуфтанд аз ВКХ.
Ҳамчунин, вазирони корҳои дохилии ду кишвар дар ифтитоҳи бахши шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия дар Душанбе ширкат хоҳанд кард.
Сафари вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон баъди ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл”-и Маскав, ки дар пайи он чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт ва афзоиши фишору таъқиби тоҷикон дар аз сӯйи мақомоти рус зиёд шуд, сурат мегирад.
Баъди ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати сафири Русия ба ӯ расман нота супорид ва нигаронии худро аз муносибати мақомоти ин кишвар нисбати тоҷикон расонид.
Дар пайи ин Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин занг зад ва гуфт, ки “нигаронии ҷониби Тоҷикистонро дарк мекунад”, вале ин иқдоми мақомоти Русия ба хотири пешгирӣ аз амалҳои террористӣ рӯйи даст гирифта шуда, муқолиби ҳеҷ як миллат нигаронида нашудааст. Вале вазири тоҷик гуфт, чунин бархурд ба намояндагони дигар миллатҳо дида намешавад.
Баъди ин ҳам шикоятҳо аз боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон дар Русия кам нашуд. Аз ҷумла, чанд рӯз қабл Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки танҳо дар як ҳафтаи охир (13-19-уми май дар назар аст. -Идора) 1200 муҳоҷири кории тоҷик оид ба боздошти ғайриқонунӣ, нақзи ҳуқуқашон аз сӯи пулиси Русия ва қарорҳои беасоси ихроҷашон аз сӯи додгоҳҳои ин кишвар ба ҳуқуқшиноси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия шикоят кардаанд.
Дар пайи он Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, роҳбарони ду кишвар дар Русия мулоқот карданд ва ба хулосае омаданд, ки вазирони корҳои дохилии ду кишвар вазъи муҳоҷирони кории тоҷикро дар ҷаласаи байниҳукуматӣ дар Душанбе баррасӣ кунанд.
Ёдрас мешаваем, ки моҳи июни соли гузашта низ Владимир Колоколтсев ба Тоҷикистон омада бо Рамазон Раҳимзода мулоқот карда буд. Муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он яке аз масъалаҳое, буд ки зимни ҷаласаи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардида буд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста