Рӯзи 14‑уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуд ва бо пешниҳоди Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум гардид. Дар ҳоле, ки худи Усмонзода дар ҷаласа ҳузур надошт, Юсуф Раҳмон гуфт, ӯ ду рӯз пеш, 12-уми июн боздошт гардид. Ҳуқуқшинос шеваи боздошти ӯро ба чолиш кашида, мегӯяд, тибқи қонунгузории кишвар, вакили парлумон ҳангоми боздошт бояд дар иҷлосия иштирок ва аз худ дифоъ мекард. Ҳамон тавре, ки 26 сол пеш Хӯҷа Каримов, вакили вақти парлумон дар дохили ин бино боздошт гардида буд.
Вақти эълони иттиҳом Юсуф Раҳмон гуфт, ки “дар пешбурди Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон ва дигарон бо моддаи 306 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад”.
Аз ин лиҳоз, ӯ аз вакилони дар ҷаласа ҳузурдошта хоҳиш кард, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва татбиқ намудани чораи пешгирии дар намуди дар ҳабс нигоҳ доштани Саидҷаъфар Усмонзода ҳамчун вакил розигӣ диҳанд. Дар ҳоле, ки худи Усмонзода дар ҷаласа иштирок надошт, вакилони дигари парлумон розигии худро доданд ва ӯ аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум гардид.
Ҳуқуқшинос: “Усмонзода бояд дар иҷлосия иштирок мекард”
Дар Тоҷикистон вакилони парлумон аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд. Тибқи моддаи 7‑и қонун дар бораи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон “узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят”.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик шеваи боздошт ва аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани Саидҷаъфар Усмонзодаро ба баҳс кашида, мегӯяд дар ин раванд меъёри қонунгузорӣ риоя нашуд.
“Вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода мутобиқи меёъри қонунгузорӣ боздошт нашуд. Мувоффиқи қонунгузорӣ бе иштироки Усмонзода бояд иҷлосия гузаронида намешуд. Худи Усмонзода бояд дар иҷлосия ширкат мекард ва суханронии додситони кулро бевосита мешунид. Ҳамчун вакили парлумон дар назди вакилон ва додситон шояд ҳаққи сухан гуфтанро медоданд, радду бадалҳо ва раъйдиҳӣ баргузор ва аз рӯйи натиҷаи он ҳуқуқи дахлнопазириаш бекор мегардид”,‑ таъкид кард Шокирҷон Ҳакимов.
Ҳуқуқшинос ҳам ба ҳолати “истисно” таваҷҷуҳ карда, зикр намуд, ки “шояд Прокуратураи генералӣ нисбати Усмонзода далелҳои муътамад доштанд, ки пешакӣ ӯро боздошт карданд ва иҷозати иштирок дар иҷлосияро надоданд”.
Воқеан, додситони кулли Тоҷикистон Усмонзодаро дар ҳамкорӣ бо раҳбарони “Паймони миллии Тоҷикистон” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва маслиҳати пешакӣ барои сарнагун кардани ҳокимият дар Тоҷикистон гунаҳкор кард.
Юсуф Раҳмон гуфт, тафтишот муайян кардааст, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 бо телефон “бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии “Паймони миллии Тоҷикистон” Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст”.
“Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом” Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд”, - гуфт Юсуф Раҳмон.
Додситони кул зикр кард, ки “Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст”. Вале мушаххас нагуфт, ки Усмонзода аз намояндаи кадом кишвар ин маблағро талаб кардааст.
Ҳоло Саидҷаъфар Усмонзода дар боздошт аст ва назари худи ӯ ва пайвандонаш дар робита ба иттиҳом номаълум мебошад. Ҳамчунин, маълум нест, ки вакили дифои ӯ кист.
Аввалин боздошт пас аз дастгиркунии Хӯҷа Каримов
Бояд гуфт, ки боздошти Саидҷаъфар Усмонзода нахустин ҳолати боздошти вакили парлумон дар 26 соли ахир аст. Бори охир соли 1998 вакили парлумон Хӯҷа Каримов, маъруф ба “Хӯҷа Командир” боздошт шуда буд. Аммо ба фарқ аз Усмонзода, Хӯҷа Каримов дар толори бинои парлумон дастгир ва пас аз қироати иттиҳому гирифтани розигии вакилони парлумон аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт гардид.
Он замон Хӯҷа Каримовро дар куштори вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон Саидшо Шоев ва Тағай Шукуров муттаҳам намуда, ба ҳабс гирифтанд, вале баъди чанде бо сабабҳои номаълум аз ҳабс озод карданд.
Пас аз раҳоӣ ӯ ба хориҷ фирор кард ва давоми даҳсолаҳо дар ҷустуҷӯ буд. Соли 2019 дар шаҳри Дубайи АМА боздошт гардид, аммо боз раҳо гардид. Ниҳоят соли 2020 бори дигар дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Додгоҳи Тоҷикистон ӯро барои содир кардани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор гунаҳкор намуда, ба 21 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳамин тавр, пас аз 26 сол, Саидҷаъфар Усмонзода пас аз Хӯҷа Каримов дуюмин вакили парлумон шуд, ки боздошт гардид. Ҳарчанд нисбати ӯ тафтишот идома дорад, аммо бо дастрасӣ ба моддаҳое, ки ӯ гунаҳкор мешавад, имкон дорад Усмонзода барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шавад. Зеро моддаи 306, қисми 2, банди “в”-и Кодекси ҷиноятӣ аз 15 сол зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Дар хусуси корномаи Саидҷаъфар Усмонзода ва сабаби боздошти ӯ аз матлаби “Аз соҳибкорӣ ва ноустуворӣ дар сиёсат то вакиливу боздошт. Усмонзода кист ва чаро боздошт шуд?” маълумоти бештар пайдо кунед.