Рӯзи 23-юми май дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” маросими дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон расман ба фаъолият оғоз кардани ширкати Nokia баргузор шуд. Ин ширкат дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” фаъолият хоҳад кард.
Дар маҳфил Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Питер Вуковитс, муовини президенти ширкати Nokia, Евгений Баличев, роҳбари минтақавии Nokia дар Украина, Осиёи Марказӣ, Каспий, Александр Шунин, роҳбари минтақавии Nokia дар АвруОсиё, Павел Родионов, роҳбари Nokia дар Ӯзбекистон, намояндагони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, сафоратҳо, муассисаҳои молиявӣ, расонаҳо ва меҳмонони зиёд иштирок намуданд.

Чорабиниро Беҳзод Файзуллоев, раиси Шӯрои директорони гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки “имрӯз барои гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” ва тамоми соҳаи алоқаи кишвар рӯзи таърихист.
“Мо оғози расмии ҳамкории худро бо яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи телекоммуникатсия — ширкати Nokia — эълон менамоем”, - зикр кард Файзуллоев.
Ӯ таъкид кард, ки ин иқдом дар доираи сиёсати давлатии рақамисозии иқтисод, бо роҳнамоии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” амалӣ мегардад.
Ҳамкорӣ бо ширкати Nokia барои ворид намудани технологияи пешрафта ба кишвар, аз ҷумла шабакаҳои LTE ва 5G, мусоидат намуда, ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва пешниҳоди хидматрасониҳои босифат ва рақобатпазир ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Исфандиёри Саъдулло зимни суханронӣ оғози фаъолияти Nokia-ро як қадами муҳим дар рушди соҳаи алоқа арзёбӣ намуда, онро оғози марҳилаи нав ва умедбахш дар таърихи телекоммуникатсия номид.
Питер Вуковитс оғози расмии фаъолияти ширкатро дар Тоҷикистон эълон намуда, таъкид кард, ки ин рӯйдод барои ҳар ду ҷониб — таърихист.
Намояндагони ширкати Nokia дар идомаи чорабинӣ фаъолияти ширкатро муаррифӣ намуданд.
Гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” мутмаин аст, ки ин ҳамкорӣ ба воридшавии технологияҳои муосир, рушди соҳа ва фароҳам сохтани имкониятҳои нав барои шаҳрвандон, соҳибкорон ва ҷомеа дар маҷмӯъ мусоидат хоҳад кард.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста