Дар бораи даргузашти Тамара Абдушукурова шогирдону пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷанозаи марҳум имрӯз соати 19:00 дар хонааш дар Душанбе (кӯчаи Пушкин 8, хонаи 9) баргузор мешавад.
Даргузашти Тамара Абдушукуроваро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе низ ба наздикону пайвандони марҳум таслият гуфт.
Тамара Абдушукурова ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик буда, 24-уми августи соли 1940 дар Ғарм, ноҳияе дар шарқи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номбурда хатмкардаи Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскийи Маскав (ГИТИС) буда, солҳо дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон фаъолият кардааст.
Ин ҳунарпешаи тоҷик дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳам чанд сол дарс гуфта, як муддат муовин ва баъдтар ректори донишкадаи мазкур буд.
Тамара Абдушукурова солҳои 1990-1992 ба ҳайси вазири фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳои муассир, махсусан занони қавиирода дар хотираҳо нақш бастааст. Нақши Смералдино дар “Шоҳ Гавазн”, Варя дар “Ҷавоне аз шаҳри мо”, Бунафша дар “Деҳотӣ”, Нозӣ дар “Дуэл”, Мавҷуда дар “Иродаи зан” аз зумраи беҳтарин нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр мебошанд.
Тамара Абдушукурова Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ буда, ба ҳайси коргардон намоишномаҳои “Никоҳи мунтахаб”, “Ёрони маҳбуб”, “Беҷиҳоз”, “Зангирӣ” ва дигар намоишномаҳоро ба саҳна овардааст.
Ҳайати эҷодии “Азия-Плюс” аз даргузашти Тамара Абдушукурова андӯҳгин буда, ба пайвандону ҳаводоронаш изҳори таслият мекунад.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста