ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 3 ОКТЯБР
- Имрӯз, соати 15:00 дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабии Латофат Кенҷаева, Шоири халқии Тоҷикистон баргузор мешавад. Зимни маҳфил китоби нави ашъори шоир рӯнамоӣ мегардад.
Маҳфилро овозхонони машҳури ҷумҳурӣ бо созу наво гармтар месозанд. Вуруд озод аст.
- Имрӯз, соати 17:00 дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишномаи "Бемори Зӯракӣ" манзури тамошобинон мегардад. Ин намоишнома бо коргардонии Бурҳониддин Раҷабов ба саҳна омадааст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 ОКТЯБР
Соли 1959 – Дар Душанбе Телевизиони Тоҷикистон бо номи "Студияи Душанбе" бори нахуст ба фаъолият оғоз кард.
Аввалин роҳбари он Обид Ҳомидов ва аввалин сармуҳарррири телевизион Иброҳим Раҳматов буд. Нахустин наттоқон, Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исоева бо паёми худ ба экран баромаданд ва ба пахши барномаҳо дар телевизион оғоз бахшиданд. Барномаҳои аввалин асосан таҷрибавӣ буданд. Барномаи иттилоотии “Ахбор” 3 дақиқа давом карда, дигар филмҳои кӯтоҳ, ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.
Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон фармони истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигиро имзо кард.
Соли 2016 – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бори нахуст барои садоқат ба халқ савганд ёд карданд.
Соли 2016 – Роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг ба истифода дода шуд.
Соли 2023 – Давлат Болтаев, варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Осиёии "Ханжоу-2022" аз намуди бокс медали дуюми тилло ба даст овард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1948 – Мавлуди Зебо Аминзода, раққоса ва балетмейстери тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.

Зебо Аминзода муассиси ансамбли рақсии “Зебо” буда, саҳмаш дар рушди санъати рақси тоҷик беназир аст. Ӯ давоми 55-соли фаъолияти ҳунариаш дар рақси миллии тоҷик таҳаввулоти бузург ворид сохт ва имрӯз даҳҳо шогирдонаш идомадиҳандаи кори ӯ мебошанд.
Ӯ дар хонаводаи Муҳиддин Аминзода, шоир ва танбӯрнавози чирадаст ба дунё омада, нозукиҳои рақсро аз модаркалонаш Кароматхон Зокиров ва модараш Ойдина Усмонова, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ буданд, омӯхтааст. Баъди хатми донишгоҳ беш аз даҳ сол ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Пушкини шаҳри Хуҷанд будааст.
Зебо Аминзода соли 1979 ансамбли “Зебо”-ро таъсис дода, вазифаи роҳбари ансамблро ба уҳда дошт ва 10 духтари зебою истеъдоднокро ба ансамбл қабул кард. Солҳои 1978-1993 муддати 15 сол роҳбари бадеии ин ансамбл буд.
Рақси маъруф ба таронаи “Эй санам” аз ҷониби ин гуруҳ иҷро шудааст. Инчунин рақсҳои дилчаспи “Ҷавонӣ”, “Туёна”, “Чӯпонӣ”, “Занг”, “Боди сабо”, “Дар чаман”, “Муноҷот”, “Вохӯрӣ” аз рақҳҳои беҳтаринест, ки аз ҷониби ин гуруҳ ба саҳна гузошта шудааст.
Зебо Аминзода як муддат муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, намояндаи Тоҷикистон дар ширкати радио–телевизионии “Мир” буд ва аз соли 2004 роҳбарии ансамбли рақсии “Гулрез” ба дӯши ӯ гузошта шуд.
Дар ин миён муддате дар Маскав мезист ва соли 2012 ба Тоҷикистон баргашта, дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ дастаи рақсии кӯдаконаи “Зебо”-ро таъсис дод.
Соли 1948 – Зодрӯзи Мавлуда Обидова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Мавлуда Обидова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки бо офаридани образҳои нотакрор дар саҳнаи театру кино нақши муҳим дорад ва яке аз чеҳраҳои дурахшони санъати тоҷик ба шумор меравад.
Ӯ соли 1971 Институти давлатии санъати театрӣ (ГИТИС)-и шаҳри Москваро хатм намуда, аз соли 1971 ҳунарманди Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов буд.
Нақши аввалинаш дар саҳнаи театри мазкур Сарвиноз дар "Хазони сари роҳ"-и Ф. Ғуломова буд. Маҳорати баланди ў дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ ва лирикию драмавӣ ифода ёфтааст. Нақшҳои мондагори ӯ, Ио ("Ҳалокати умеди Гейерманс"); "Дилшод" ("Дилшод"-и А. Сидқӣ); Модар ("Модар"-и Қ. Чапек), Леонара ("Илоҷи беилоҷӣ ҳаст"-и Калдерон), Беатриҷе ("Якпула савдо, садпула ғавғо"-и У. Шекспир); Нилуфар ("Умед"-и Ш. Солеҳов); Юля ("Хостгорӣ"-и Попович) ва ғайра мебошад.
Мавлуда Обидова солҳои охир дар театри драмавии ба номи Лоҳутӣ нақшофаринӣ мекард. Дар спектаклу намоишҳои телевизионӣва дубляжи филмҳо иштироки фаъолона дошт.
Рӯзи 1-уми сентябри соли 2020 қалби Мавлуда Обидова аз тапидан бозмонд.
Соли 1964 – Мавлуди Қосим Роҳбар, яке аз чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистон, собиқ раиси вилояти Суғд, вазири кишоварзӣ ва раиси пешини шаҳри Ҳисор.

Қосим Роҳбар яке аз кадрҳои собиқадори ҳукумат дониста мешавад аз соли 1994 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла раиси шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд, вазири кишоварзӣ, раиси Кумитаи рушди маҳал ва раиси шаҳри Ҳисор кор кардааст.
Ӯ дар хонаводаи Роҳбар Қосимов зода шуда, факултаи агрономии Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияташ низ аз огрономӣ дар колхози “40-солагии Октябр”-и ноҳияи Хуҷанд оғоз шудааст.
Баъдан котиби дуюми комитети комсомоли ноҳияи Хуҷанд, мудири шуъбаи ташкилии комитети комсомоли вилояти Ленинобод, Раиси Шӯрои ташкилоти вилоятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буд.
Қосим Роҳбар соли 1994 раиси шаҳри Хуҷанд ва соли 1996 раиси вилояти Суғд таъин гардид. Баъди даҳ соли раисӣ дар Суғд муддате раиси комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд буд ва солҳои 2008-2015 вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.
Баъдан то соли 2022 раиси Кумитаи рушди маҳал ва сониян раиси шаҳри Ҳисор буд. Ахиран 15-уми апрели соли 2024 Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод гардид. Сабаби барканории ӯ гузаштан ба кори дигар гуфта шуд, вале ба вазифае таъин нашуд.
Соли 1963 – Зодрӯзи Очил Зоҳидов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа.
Соли 1993 – Мақсудшо Иматшоев, ҳунарпешаи синамои тоҷик дар 40-солагӣ даргузашт.

Мақсудшо Иматшоев хатмкардаи факултаи актёрии Институти умумиитифоқии кинематографияи Маскав буда, фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода оғоз кардааст.
Корномаи ӯ дар синамо соли 1967 бо нақшофарӣ дар филми “Аланга зери хокистар” оғоз шуда, сипас дар яқ қатор филмҳо нақш офаридааст. “Субҳи нави ҷавонӣ”, “Ҷумъаи ҳафтум”, “Иловагӣ, ба роҳхати дуюм меояд”, “Дарвеши ланг” аз ин қабиланд. Инчунин, ҳамчун коргардон якчанд намоишҳоро ба саҳнаи театр овардааст.
Мақсудшо Иматшоев дар ибтидои солҳои 90-ум аз Тоҷикистон ба Олмон муҳоҷират карда, соли 1993 дар синни 40 аз олам чашм пӯшид.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 3-юми октябр дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии ҳушёрӣ ва мубориза бо майнӯшӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз ба хотири Ҷон Финч, яке аз фаъолони ҷамъиятии маъруфи Амрико дар охири асри XIX интихоб шудааст.

Ӯ яке аз муборизон алайҳи майнӯшӣ буд ва бо маъракаҳои зидди истеъмоли машрубот дар ҷомеа ном баровардааст. Ин рӯз мардумро ба тарзи ҳаёти солим ва бидуни май даъват менамояд.
3-юми октябр ҳамчун Рӯзи ваҳдати Олмон ҷашн гирифта мешавад. 3-юми октябри соли 1990 дар таърихи Аврупо рӯйдоди бузург, муттаҳидшавии Олмон сурат гирифт. Германияи Демократӣ расман барҳам хӯрд ва Берлини Ғарбӣ низ мақоми махсуси байналмилалии худро аз даст дод.
Ба ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Олмон панҷ замини собиқи Германияи демократӣ – Бранденбург, Мекленбург-Передняя Померания, Саксония, Саксония-Анҳалт, Тюрингия, инчунин шаҳри Берлин ворид шуданд. Аз ҳамон вақт 3-юми октябр ҳамчун Рӯзи ваҳдати Олмон ҷашн гирифта мешавад ва он яке аз идҳои расмии миллӣ ба ҳисоб меравад.

3 октябри соли 1906 сигнали “SOS” падид омад. Дар ин таърих дар шаҳри Берлин Конфронси байналмилалии баҳрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 29 давлат ширкат карданд ва сигнали нави байналмилалии изтирорӣ дар баҳр қабул шуд, ки баъдан бо номи “SOS” машҳур гардид.
То он замон киштиҳо аз рамзи CQD истифода мебурданд (маънои CQ даъват ба ҳамаи радиостансияҳо ва D - Danger, хатар аст), вале рамзи он дар алифбои Морзе мураккаб буд. Барои соддагардонӣ аломати нав пазируфта шуд: се нуқта – се хати тӯлонӣ – се нуқта (··· ––– ···), ки дар тамоми забонҳо яксон хонда мешавад.

Аммо аз 1-уми феврали соли 1999 ҳамаи киштиҳои баҳрӣ уҳдадор шуданд, ки барои сигналҳои изтирорӣ низоми муосири GMDSS-ро истифода баранд. Рамзи SOS бошад то имрӯз рамзи ҷаҳонии кумак дар ҳолатҳои фавқулода боқӣ мондааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 3 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4+9º гарм то -3+2º, рӯзона 11+16º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида ва эҳтимолан раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе минтақаҳо то 10-12º сард, рӯзона 8+13º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 22+24º гарм.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста