Барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Итиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ки рӯзи 10-уми октябр дар Душанбе доир мешавад дар назар аст, ҳудуди 10 сарони давлат ба Тоҷикистон оянд:
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия;
Илҳом Алиев, раисҷумҳури, Озарбойҷон;
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон;
Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус;
Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон;
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон;
Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон;
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон.
Аз ВКХ гуфтанд, дар нишаст раҳбарони давлатҳои ИДМ масъалаҳои амнияти минтақаиву ҷаҳонӣ, таҳкими гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва густариши ҳамкории башардӯстона ва фарҳангӣ дар доираи иттиҳодро баррасӣ мекунанд.
Дар охири ҷаласа имзои созишномаҳо дар назар аст.
Ҳамчунин, рӯзҳои 8 ва 9-уми октябр сафари давлатии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар назар аст.

Ба гуфтаи ВКХ дар ҷараёни сафари давлатӣ музокирот дар сиғаҳои "як ба як" ва бо ҳайатҳои васеъ баргузор мегарданд, инчунин имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ пешбинӣ шудааст.
Баъди анҷоми вохӯриҳо, нишасти матбуотии раисҷумҳурҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.
Дар доираи ин сафар, рӯзи 9-уми октябр дар Душанбе мулоқоти раисҷумҳурҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия дар доираи формати “Осиёи Марказӣ – Русия”-доир мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар он масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишҳои фаромиллӣ муҳокима мешаванд.
Аз натиҷаи ин нишаст Баёния ва Нақшаи амалиёти муштарак қабул хоҳад шуд.
Дар ин рӯз, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ низ баргузор мешавад. Дар он тақвияти ҳамкории бисёрҷониба ва таъмини амният ва рушди устувор мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки дар остонаи баргузории чорабиниҳио байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахтии кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣ, масҷидҳо ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста мешаванд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста