Дар пайи баргузории ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон, дастикам 4 рӯз роҳҳои моҳингарди шимол ва ҷануби кишвар ба самти Душанбе маҳдуд мешавад.
Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи шимоли кишвар, хабар дод, ки аз 8 то 10-уми октябр ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ маҳдуд карда мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, роҳи мазкур “дар ин рӯзҳо дар маҷмӯъ кушода буда, вобаста ба зарурат, ҳаракати тамоми намуди мошинҳо муваққатан боздошта мешавад”.
Дар робита ба ин, ширкати “IRS” аз ронандагон хостааст, ки ин ҳолатро ба назар гирифта, реҷаи сафарро ба он мутобиқ созанд.
Ҳамзамон, полиси Хатлон аз сокинони ин вилоят хостааст, аз 8 то 12-уми октябр (рӯзҳои баргузории ҳамоиши ИДМ) бе зарурати ҷиддӣ бо мошинҳои шахсӣ ва давлатӣ ба Душанбе сафар накунанд.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки дар сурати бе зарурат сафар кардани сокинони Хатлон ба Душанбе мошини онҳо аз дидбонгоҳҳои доимоамалкунандаи БДА бозпас гардонида мешаванд.
Аз ин пештар пулиси Душанбе ҳам хабар дода буд, ки аз 8 то 12-уми октябр роҳҳои маркази шаҳр, аз ҷумла роҳи ташрифотӣ баста мешавад.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои 8-10-уми октябр шаҳри Душанбе мизбони чанд чорабинии байналмилалӣ мегардад, ки дар он роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), дар маҷмуъ қариб 10 роҳбари давлат иштирок мекунанд.
Дар остонаи баргузории ин ҳамоишҳо байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахтии кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣ, масҷидҳо ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста мешаванд.
Рӯзҳои 8-10-уми октябр дар Душанбе кадом чорабиниҳо баргузор мегарданд? Дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста