Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон шаби гузашта, 19-уми октябр дар синни 83 дунёи фониро падруд гуфт. Дар ин бора дӯстону наздикони ин адиби шинохта дар шабакаҳо иҷтимоӣ хабар доданд. Сабаби даргузашти марҳум маълум нест.
Ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ хонда мешавад. Ҳоло маълум нест, ки ӯ дар куҷо ба хок супорида мешавад. Тибқи анъана онҳое, ки унвони шоир ва ё нависандаи халқӣ доранд, дар қабристони Лучоб гӯронда мешаванд.
Кароматуллоҳи Мирзо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва аз шинохтатарин нависандаҳои тоҷик буд.
Ӯ 25-уми апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, фаъолияташ аз муаллимӣ дар мактаб оғоз шудаачт.
Минбаъд Кароматуллоҳи Мирзо дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони Советӣ”, нашриёти “Маориф”, “Адиб” кор кардааст. Чанд муддат сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” буд. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуда, ҳамзамон раиси Раёсат ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Ин нависандаи маъруфи тоҷик муаллифи чандин асарҳо буда, романҳои “Дар орзуи падар” (иборат аз се қисмат), “Марги бегуноҳ”, “Ду ҳикоя” ва “Деҳаро хоб мебинам” мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.
Дар заминаи романи сегонаи “Дар орзуи падар” силсилафилми ҳамноме иборат аз 23 қисмат танзим гардидааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст.
Пиромуни зиндагиву эҷоди нависанда дар мусоҳибаи "Азия-Плюс" бо номи "Кароматулло Мирзоев: ман намехоҳам, ки гурӯҳе шинанду маро таъриф кунанд" мутолиа кунед.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста