Ин шабу рӯзҳо Кароматулло Мирзоев нависандаи хушном, муаллифи асарҳои пурхонандаи “Ситораҳои паси абр”, “Дарди ишқ”, “Дар орзуи падар”, “Марги бегуноҳ” ва “Моҷарои зиндагӣ” ба     синни 80-солагӣ расиданд.

Чандин насли Тоҷикистон бо осори ин Нависандаи халқии Тоҷикистон хотира доранд ва “Азия-Плюс” дар рӯзҳои ҷашни нависанда аслан аз ӯ суолҳоеро пурсид, ки вақтҳои ахир хонандагони осорӣ ӯ мепурсанд. Чун суҳбат бо телефон анҷом шудааст, оҳанги гуфтории он ҳифз шудааст.

Устод, ба 80 солагӣ, ки расидед чӣ ҳолу ҳаво доред, асосан ба чӣ корҳо машғул ҳастед?

Кароматулло Мирзоев: Умуман аз ибтидои зиндагӣ ва пайдоиш рӯ ба эҷод ҳастем то ба имрӯз. Фақат меҳри эҷод аст, меҳри навиштан аст. Агар бемор ҳам, ки бошам ягон чи нанависам боз бемортар мешавам.

-Яъне ҳоло ҳам эҷод мекунед, устод?

Кароматулло Мирзоев: Албатта, дар ҳамин чанд соли наздик чанд романи навам баромад. Як вақте аз ман устод Худоӣ Шарифзода пурсиданд, ки ту чанд роман дорӣ? Ман гуфтам, ки ҳамин романи сеҷилдаи “Дар орзуи падар”  ва “Марги бегуноҳ”. Он кас гуфтанд, ки ин кам аст-ку? Ҳамон “Ситораҳои паси абр”- ро роман намекунӣ? Ман гуфтам хуб шудаст, мебинам!  Дар ҷавоб романи “Моҷарои зиндагӣ”-ро навиштам. Дар ҳамин як ду соли охир аз рӯйи романи “Моҷарои зиндагӣ” “Тоҷикфилм” филм ба навор гирифт. Филми “Баҳори хазонрез”, дар кинотеатри “Ватан” муаррифияш доир шуд. Нағз қабул шудааст.

Романи дигарам “Ишқи сархӯр”. Ин роман ҳам хеле хонандаи зиёд пайдо кардааст. Ба ғайр аз ин, ҳамин рӯзҳо ҳикояи навам рӯйи чоп меояд. Як силсилаи ҳикояҳом дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва “Адабиёт ва санъат” ба чоп расидааст. Ҳамин рӯзҳо ҳамдар дастам қалам асту дафтар асту навиштан!

- Дар даврони ҷавонӣ навиштани асар осонтар даст медиҳад ё пирӣ?

Кароматулло Мирзоев:  Як матлаби Марк Твенро хонда будам, дар як ҳафта вай баъзан чанд қисса менавишт. Асари охирашро дар Мехико ба итмом расониданӣ буд, мегӯяд, ки пеш ман аз як чернил ранг барои як асари калон, камтарашро истифода мекардам, ҳозир бошад барои як ҳикоя як чернил ранг истифода мешаваду қариб як баста қоғаз. Дар як рӯз як саҳифа менависам. Маълум, ки то як ду моҳ шаст-ҳафтод саҳифа асари навамро идома медиҳам.

Ҳама вақт барои ман як асарро як  маротиба-ду маротиба навиштан нест. “Дар орзуи падар”,  “Дарди ишқ”, “Ситораҳои паси абр” аз сад саҳфа болоанд, дар давоми се чор сол навиштам. Бовар кунед, ки як бор ду бор не, чандин бор менависам. Менависам мегузарам, як ду моҳ пас мехонам мебинам, ки аз нав ранг мегирад. Ҳозир ҳам агар ҳикоя нависам, чанд баста қоғазро сиёҳ мекунам, ки баъд дар миёни онҳо як варақаш ба дилам мебарояд.

Замоне буд, ки “Дарди ишқ”-ро ман дар чиҳил рӯз навишта будам. Умуман ҳар чизеро, ки нависам мехоҳам як ҳарфу калимааш беҷо набошад. Наср ҳам як вазн дорад. Агар дар дохили матн ягон калимаи беҷо биёяд, аллакай вай худаш қабул намешавад. Аз дохили матн берун мешавад. Наср ҳам вазн дорад. Саъйу талошам ҳамин аст, ки баъди навштанам дасти таҳрир набиёяд.

pressa.tj

- Солҳои ахир насри мо бисёр интиқод мешавад, ки рӯҳи замонро ифода намекунад, назари шумо дар ин бора чӣ аст?

Кароматулло Мирзоев: Баъзан дар замони Шӯравӣ ба асарҳои таърихӣ рӯй овардан имкон набуд. Баъзеҳо, ҳозир, вақте, ки имкон шудааст бештар ба асарҳои таърихӣ рӯ меоранд.

Фикр мекунам, ки ба асарҳои таърихӣ рӯй овардану таърих навиштан осонтар аст. Чунки агар мо ҳамин рӯзро нависем ҳамон қаҳрамонҳои будагиамонро каме ноҷо ба тасвир биёрем гиламанд мешаванд. Ҳар як чизе, ки ман менависам албатта прототипаш ҳаст, худам медонам. Номашонро намегӯям, лекин ҳамон одамҳо худашонро меёбанд. Агар ҳамон персонаж ҷо ба ҷо набошад, баъзан худашонро дар беҳудагӣ мешиносанд

. Барои ҳамин ҳам баъзеҳо ба асарҳои таърихӣ рӯ меоранд, ки ягон персонажи онҳо намегӯяд, ки ҳамин навиштаи ту ғалат аст. Имрӯзро навиштан бисёр душвор аст. Хонандаро бовар кунонидан лозим, ки ҳамин воқеа рух додааст, ҳамин ҳолат ҳаст. Ҳар як чизеро, ки шахс менависад даҳҳо персонажҳои дагар ба худ мегиранд, ки ин ман ҳастам, дар бораи ман навиштааст. Бовар кунед, ки ҳамаи чизҳои навиштаи ман ҳаммааш аз рӯзгори имрӯз аст.

- Дар робита ба насри имрӯз чӣ назар доред? Оё дар миёни насрнависони ҷавон чеҳраҳои умедворкунандаро мебинед?

Кароматулло Мирзоев: Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Пулод Толис, Раҳим Ҷалил ва дигарон ба тарбияи ҷавонон алоҳида эътибор медоданд. Як қиссаамро ман ба Ҷалол Икромӣ супорида будам, он кас ба ман мактуб навиштанд, бо сарлавҳаи “Рафиқ Кароматтулои Мирзо”, ки дар “Адабиёт ва санъат” чоп шудааст. Яъне онҳо назарашон ба навиштаҳои адибони ҷавон бисёр ғамхорона буд. Ҳам аз номи Ҷалол Икромӣ ба ман мактуб аст, ҳам аз номи Фазлиддин Муҳаммадиев, аз номи Абдумалик Баҳорӣ ва ҳам аз номи Файзулло Назаров. Яъне барои ҳар як асари мо аз ҷониби насли калонсоли адабиёт ҳамин хел меҳрубонӣ буд. Имрӯз ингуна лутф ба адибони навқалам аз ҷониби мо кам аст.

Намогирифт аз як барномаи ТВ "Сафина"

Дар адабиёти насри мо баъди Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, устод Сотим Улуғзода, Пулод Толис, Раҳим Ҷалил ва дигарон, ки бори наср ба дӯшашон буд, гурӯҳи нав сар карда аз Саттор Турсун, Сорбон, Урун Куҳзод, Кароматуллои Мирзо ва дигарон, идомаи онҳо ҳастем. Имрӯз адибони ҷавони мо, ки бархеяшон дар доираи деҳаҳояшон мондаанд, баъзеашон адабиёти берунаро кам мутолиа мекунанд, ки дар назм чӣ пайдо мешаваду дар наср чӣ. Шояд ин ба тарбия ҳам вобаста набошад.

Аммо табиатан чизи мерӯйидагӣ, мерӯяд. Аз қаъри санг гул мерӯяд. Ҳамин хел чизҳо ҳозир камтар ба назар мерасанд. Ба ҳар ҳол барои насли боқуввати ба адабиёт меомада умед ҳаст. Рӯшаниҳо ҳастанд. Ин ҷо ман номашонро гирифта наметавонам. Ҳатто дирӯз ман чандтояшонро тавсия низ додам. Адибони ҷавоне ҳастанд, ки зиёд талош мекунанд, ба маҷлисҳоямон меоянд. Пайдо шудагӣ ҳастанд.

- Албатта эҷодиёти ҳар нависандаро хонанда баҳо медиҳад, ҷолиб аст донем ки назари худи шумо дар бораи эҷодиётатон чист?

Кароматулло Мирзоев: Бисёргапӣ дар наср, умуман дар ҳама кор манфиаташ нест. Муҳим риштаи сужаро боқувват кардану муҳтаворо таъсирбахш кардан аст, ки хонандаро дорад. Ба монанди қиссаи “Ишқи аввал” кӯтоҳ-кӯтоҳ қассаҳо ҳастанд, ки мардум мехонанд.

Ҳозир вақти ин аст, ки сайъ кунем то романро мисли пешина дар дохили муқова ғавс нанавишта, балки ба муҳтавои он диққат бидиҳем. Ҳамин романҳое, ки 110-120 саҳифа менависам шахсан ба худам писанд аст. Намедонам шумо романҳои маро - “Ишқи сархур”, “Марги бегуноҳ” ва ё “Моҷарои зиндагӣ”-ро хондед ё не, агар хонда бошед баҳо медиҳед, ки аз куҷо то ба куҷо ҳастанд.

Кароматулло Мирзоев бо гурӯҳе аз нависандаҳо

- Ба муносибати 80-солагиатон ҷашн, ҷоиза ва ё даъвате шуд?

Кароматулло Мирзоев: Дар “Адабиёт ва санъат” баъзе матлабҳо чоп шуд. Ҳатто дарт Иттифоқи нависандагон раис ва рафиқони дигар гуфтанд, ки ҷашнатонро гузаронем. Ман як одат дорам, ки на панҷоҳсолагиамро дар Иттифоқи нависандагон гузаронидам, на шастсолагиву ҳафтоду ҳафтодупанҷ ва на ҳаштодсолагиамро.

Ман намехоҳам, ки шинанду маро таъриф кунанд. Лекин маро ба мактабҳо даъват мекунанд, ноҳияҳо даъват мекунанд, мардум, ки даъват мекунанд назди онҳо нарафта намешавад.

- Устод ташаккури зиёд. Барои шумо сарбаландӣ ва саломатии хуб орзӯ мекунем. Худо кунад, ки дарозумру комгору пирӯз бошеду қаламатон ҳамеша сабз бошад.

Устод дар охир номамро мепурсаду ҷойе менависад ва дар идома мегӯяд: Месулфам.

-Ба шумо саломатӣ орзу мекунем. Устод, худатонро эҳтиёт кунед.

Кароматулло Мирзоев: Ташаккур мекунам.

-Саломат бошед.

...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.