Пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирии дархостҳо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ё радди он барои шаҳрвандони хориҷӣ гарон шуд. Тибқи қарори ҳукумати кишвар, ки моҳи сентябри имсол имзо шуд, хироҷи консулӣ ҳамчунин барои бархе хидматрасонӣ зиёд шудааст.
Бар асоси қарори нави ҳукумат, акнун хориҷиён барои гузоштани илтимоснома барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ё бекор кардани он бояд 200 доллар (1850 сомонӣ бо қурби 22-юми октябр) пардохт кунанд. Қаблан барои ин хидматрасонӣ 50 доллар (тақрибан 462 сомонӣ) ситонида мешуд.
Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ барои гузоштани илтимоснома барои барқарор намудани шаҳрвандии Тоҷикистон, ки қаблан 20 доллар (тақрибан 185 сомонӣ) месупориданд, акнун 200 доллар бояд пардохт кунанд.
Ҳамчунин барои ноболиғони то 16-сола, ки шаҳрванди хориҷӣ ва ё мақоми бешаҳрвандӣ доштанд, барои додани раводиди Тоҷикистон новобаста аз муҳлат ва каратнокӣ 30 доллар (277 сомонӣ) ситонида мешавад, ки қаблан 10 доллар (тақрибан 92 сомонӣ) буд.
Ҳамчунин арзиши гирифтани раводид барои донишҷӯёне, ки дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд, инчунин аспирантҳо, докторантҳо ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо муассисаҳои таҳсилотӣ ва илмии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, 100 доллар (тақрибан 925 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Дар баргаҳои мо бубинед, ки хироҷи консулӣ барои кадом хадамот зиёд шуд ва қаблан чӣ қадар ситонида мешуд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста