Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанд рӯз пеш Қонун дар бораи ворид намудани тағйирот ба “Қонун дар бораи забони давлатӣ”-ро имзо кард. Дар асоси он, акнун дар Тоҷикистон эълону реклама, лавҳаю овеза, нархнома, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ мунташир шуда, нишастҳои матбуотӣ бо забони тоҷикӣ сурат мегиранд.

Қаблан ин қонунро вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва тасдиқ карда буданд.

Мувофиқи тағйирот, ба “Қонун дар бораи забони давлатӣ” ду моддаи нав илова гардида, ду моддаи дигари мавҷуда дар таҳрири нав пешниҳод шуданд.

Акнун, эълону таблиғ ва ҳамаи матнҳои иттилоотӣ аз боло ва ё аз тарафи чап ба забони давлатӣ, аз пойин ё аз тарафи рост ба забонҳои дигар бо ҳарфҳои баробар ҷой дода мешаванд. Ҳамчунин, номгузории ташкилоту корхонаҳои хориҷӣ ва муштарак дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба забонҳои дигар низ бо ҳарфҳои баробар ҳуруфгардон ва ё тарҷума мешаванд.

Бояд зикр кард, ки “Азия-Плюс” чанд моҳ пештар дар бораи номвожаҳои ғайритоҷикӣ дар навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо дар пойтахт матлаби таҳлилӣ омода карда буд ва маълум шуд, ки ҳоло низ бисёре аз соҳибкорон талаботи қонун дар бораи забони давлатӣ (тоҷикӣ)-ро риоя намекунанд.

Мувофиқи тағйироти дигар, ба Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” моддаи 41 бо номи “Забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” илова шуд, ки аз се қисм иборат аст.

 

Asia-Plus

Қисми аввал забони имову ишораро ҳамчун забони муошират эътироф  карда, таъкид мекунад, ки он ба забони давлатӣ сурат мегирад.

Дар қисми дигар гуфта мешавад, ки “дар Тоҷикистон барои омӯзиш ва омода кардани мутахассисони забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён ба забони давлатӣ шароит фароҳам оварда мешавад”.

Мувофиқи қисми сеюм, барои истифодаи имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён ба забонҳои дигар низ шароит фароҳам хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ба Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” моддаи нави 121 бо номи “Забони нишастҳои матбуотӣ” ворид шуд.

“Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар ба забони давлатӣ баргузор мешаванд”, - гуфта мешавад дар он.

Бояд гуфт, бо вуҷуди он ки баъзе бандҳои меъёрҳои болозикр қаблан низ дар қонун ишора мешуд, аммо риояи онҳо аксаран аз ҷониби масъулин ва соҳибкорон сарфи назар мешавад. Ин мушкил аз ҷумла имсол доғтар шуд ва зиёиён низ борҳо аз риоя нагардидани меъёри забон нигаронӣ карданд.

Бо ҷузъиёти дигари тағйирот ба “Қонун дар бораи забони давлатӣ” дар матлаби “Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд бештар мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.