Ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо мақсади рушди истеҳсолоти воқеӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти низоми бонкӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, тавре таҳлилҳо нишон доданд, дар давраи ҳисоботӣ дар ин самт комёбиҳо ба даст омаданд. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти расмӣ бақияи пасандозҳо дар охири моҳи ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,8 фоиз афзуд.

Агар ба таркиби бақияи пасандозҳо назар андозем, 47,1 фоиз ё маблағи 1 946,0 млн. сомониро маблағи шахсони ҳуқуқӣ ва 52,9 фоиз ё 2 188,0 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли равон бо пули миллӣ ба 15,66 ва бо асъори хориҷӣ ба 14,76 фоизи солона баробар шуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.