Сабаби асосии муҳоҷирати оммавӣ аз Тоҷикистон деиндустриализатсияи иқтисоди Тоҷикистон буда, дар сурати мавҷуд будани сохтори комилан дигари саноат ва роҳандозии сиёсати нави саноатӣ миқёси муҳоҷирони кории тоҷик бамаротиб камтар хоҳад буд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки имрӯз ҳукуматдорон танҳо ба фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти коркарди аввалия машғул буда, ба истеҳсоли маснӯъоти тайёри саноатӣ таваҷҷуҳ намекунанд.
Умаров зикр кард, ки сарвари давлат борҳо зарурати афзудани ҳиссаи коркарди нахи пахта барои истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар дохили кишварро таъкид кард, аммо он бо воситаҳои дахлдори иқтисодӣ таъмин намегардад.
Ба андешаи ӯ, ҷорӣ сохтани боҷи баланди гумрукӣ ба интиқоли нахи пахта ба хориҷи кишвар, содироти он ба дигар кишварҳоро пурмасраф сохта, соҳибкоронро манфиатдор месозад, ки онро дар дохили кишвар коркард намоянд. «Мутаносибан, бо суръати баланд саноати бофандагиву дӯзандагӣ ба барқароршаӣ оғоз мекунанд. Аз чунин иқдом метавон ҳамчунин дар саноати коркарди ашёи хоми маъдани кӯҳӣ, металлҳои аввалия, пиллаи абрешим ва ғайра низ кор гирифт», - иброз дошт вай.
Профессор бар ин назар аст, ки сиёсати саноатӣ бояд тарзе роҳандозӣ гардад, ки дар он тафовут миёни истеҳсоли маводи ашёи хом ва маҳсулоти тайёрӣ ниҳоӣ ба инобат гирифта шавад. «Чунин сиёсат ба ташкили миқдори зиёди ҷойҳои корӣ бо музди меҳнати нисбатан шоиста шароит фароҳам меорад», - афзуд Умаров.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста