Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ вохӯрии навбатӣ оид ба масоили идораи молияи давлатӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ «Ҳисобот дар бораи пешравии татбиқи Нақшаи амали Стратегияи ИМД дар давраи соли 2011 ва семоҳаи I-уми соли 2012», «Ҳисобот оид ба мониторинги Нақшаи амали Стратегияи ИМД дар давраи соли 2011 ва семоҳаи I-уми соли 2012» пешниҳод ва баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин Муаррифиномаи Котибот оид ба тақвияти имконоти Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва Муаррифиномаи мушовири Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи ҷории таъсис ва сохтори ташкилии Палатаи ҳисоби ҶТ низ пешниҳод шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати давлатии молиявӣ маҳсуб гардида, ояндаи наздик ба фаъолият шуруъ мекунад. Корҳои таъсиси он аз соли 2007 оғоз ёфта, моҳи июни соли 2011 Қонуни ҶТ «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.

Мутобиқи қонун, мақоми олии назорати давлатии молиявӣ аз ваколатҳои зиёд бархӯрдор буда, мақоми мустақил аст ва ба палатаи поёнии парлумон ва президент ҳисобот медиҳад. Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чунин палата танҳо дар Тоҷикистону Белорус фаъолият надорад.