Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба самти Хуҷанд-Барнаул хатсайри нави ҳавоӣ боз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, парвози нахустин рӯзи 24-уми апрели соли равон анҷом дода шуд. Парвозҳо дар ду ҳафта як маротиба рӯзҳои сешанбе сурат мегиранд.

Арзиши билет аз Хуҷанд 250 Евро ва аз Барнаул ба самти Хуҷанд аз 120 Евро ва болотар аз онро ташкил медиҳад. Бо ҳавопаймои аввалин ба ин самт 148 нафар мусофирон ба Барнаул раҳсипор шуданд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият оғоз кард. Феълан ширкат дорои 5 ҳавопаймо – Боинг 737-300, ду Боинги 737-800 ва ду Боинги 737-900 аст. Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.

Ғайр аз ин аз шаҳри Хуҷанд мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Красноярску Санкт-Петербург, Оренбург, Нижневартовск, Екатеринбург, Ханти-Мансийск, Қазон, Тюмен, Иркутск ва Новосибирск анҷом дода мешаванд.