Аз 1-уми майи соли равон ҳукумати Русия ҳаҷми боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии худро коҳиш медиҳад.

Бино ба маълумоти сомонаи ҳукумати Русия, мутобиқи қарори дахлдор, меъёрҳои боҷи содиротии гумрукӣ ба нафти хом ва маҳсулоти ҷудогонаи аз нафт коркардшуда тасдиқ карда шудаанд.

Ҳамн тариқ, аз 1-уми май ҳаҷми боҷи содиротии маводи сӯзишвории ба истилоҳ сафеди Русия аз 304 $-и аз 1-уми апрел муқарраршуда то 296 $ барои 1 тонна ва ҳаҷми боҷи содиротӣ ба бензин нисбат ба 414,6 $-и моҳи апрел то ба 403,7 $ барои 1 тонна поин бурда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Русия ҳар моҳ меъёрҳои боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиро бозбинӣ мекунад.