Эрону Тоҷикистон ният доранд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои муштарак дар бахшҳои гуногунро афзоиш дода, ба таҳкими бештари ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат намоянд. Дар ин бора зимни ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар Теҳрон вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯй ибрози андеша кард.
Бино ба маълумоти хабаргузории IRNA, зимни суханронӣ дар ҷаласа М.Номҷӯй изҳор кардааст, ки мардуми кишварҳоро умумиятҳои фарҳангиву динӣ муттаҳид месозад ва таъсиси комиссияи байниҳукуматӣ гувоҳи иродаи қавии кишварҳо барои таҳкими ҳамкориҳост.
Вазири энергетикаи Эрон ҳамчунин зарурати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои муштаракро таъкид сохтааст.
Дар ҳамин ҳол, чанде пештар Маҷиди Номҷӯй изҳор кард, ки Эрон бо Тоҷикистон перомуни содироти тақрибан 1 млрд. метри муккааб об аз Тоҷикистон ба Эрон гуфтушунид дорад.
Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон 62,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,9 дарсад камтар аст.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста